Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САНТО-ДОМИНГО

Шаҳри САНТО-ДОМИНГО

САНТО-ДОМИНГО, пойтахти Республикаи Доминикана. Муҳимтарин маркази иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Дар қисми ҷануби щарқии ҷазираи Гаити, дар соҳили баҳри Карпб воқеъ аст. Иқлим тропикӣ; ҳарорати миёнаи январ 24,1°Селсия, июл 27 Селсия. Боришоти солона 1459 миллиметр. Аҳолиаш беш аз 1 миллион нафар. (1984), Узели роҳҳои автомобилгард. Бандари асосии мамлакат. Дар Санто-Доминго корхонаҳои саноати хӯрокворӣ (қанд, ром, равған, собун, тамоку), бофандагӣ, дӯзандагӣ, чарму пойафзол, семент, мебел, тахтабурӣ мавҷуданд. Университети автономӣ, Университети миллӣ, Академияи таърих, Музеи миллӣ, Нигористони миллии саноеи нафиса, театр ва меҳмонхона дорад. Ёдгориҳои меъмории асри 16 (манора, қалъа-қаср, калисои ҷомеъ бо дахмаи Xристофор Колумб, дайрҳо ва ғайра) боқӣ мондаанд. Санто-Доминго маркази туризм ва курорти байналхалқист.

santo_domingo_foto_5_28082333
Шаҳрро соли 1496 Бартоломе Колумб (бародари Христофор Колумб) дар соҳили шарқии дарёи Осама бунёд карда, Изабеллаи Нав номидааст. Сонитар Санто-Доминго ном гирифт. Аз соли 1844— пойтахти Республпкаи Доминикана. Солҳои 1916—24 дар тасарруфи қӯшунҳои баҳрии Штатҳои Муттаҳидаи Америка буд. Солҳои 1936—1961 шаҳр С ь ю д а д-Т р ух и л ь о ном дошт (аз номи диктатор Р. Л. Трухильо). Охири солҳои 1950 дар Санто-Доминго бар зидди Трухильо хуруҷҳои мусаллаҳ (1956, 1959, 1960 ва ғайра) ба амал омад. Майи 1965 қӯшунҳои револютсионӣ, тарафдорони режими. конститутсионӣ, ки бар зидди хунтаи реаксионӣ мубориза ме- бурданд, шаҳрро ба даст дароварданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …