Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САНТА-ФЕ

Шаҳри САНТА-ФЕ

САНТА-ФЕ, шаҳрест дар Аргентина. Маркази маъмурии музофоти Санта-Фе. Аҳолиаш 245 ҳазор нафар. (.1975). Бандар дар соҳили дарёи Парана (киштиҳои баҳриро низ қабул мекунад). Узели калони роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард.

s1200fe

Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, чарму пойафзол, чӯбгарӣ, бофандагӣ, коркарди металл дорад. Ба воситаи бандари Санта-Фе ба хориҷа ғалла, пӯст, пахта, қиёми дарахти кебрачо баробарда мешавад. Университет дорад. Осори меъмориаш —дайри Сан-Франсиско. Санта-Фе соли 1573 бунёд шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …