Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САНЪО

Шаҳри САНЪО

САНЪО пойтахти Республикаи Ямани Араб. Маркази асосии тиҷорату нақлиёт ва саноати мамлакат. Дар водии кӯҳӣ, дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Иқлимаш тропикӣ; ҳарорати миёнаи январ 13,7°Селсия, июн 21Селсия, боришоти солона 600 миллиметр. Аҳолиаш беш аз 200 ҳазор нафар (1983). Ба воситаи роҳҳои автомобилгард бо бандари Ҳудайда ва дигар шаҳрҳои калони мамлакат алоқаманд аст. Аэропорташ аҳамияти байналхалқӣ дорад. Дар шаҳр фабрикаҳои бофандагӣ, мебел, пойафзол, заводи аслиҳа мавҷуданд. Санъо маркази калони ҳунармандист.

sano-yaman

Заргарӣ, истеҳсоли зарфҳои мисин, газворбофӣ ва ғайра ривоҷ ёфтааст. Соли 1967 дар Саноъ бо ёрии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР госпитал (барои 100 кат) ва поликлиника сохта шуд. Дар қисми шарқии Саноъ шаҳри кӯҳна воқеъ гаштааст, ки дар он осори меъмории асрҳои гузашта — масҷиди Ҷомеъ-ул-кабир (соли 670), ҳаммом, корвонсаройҳои асримиёнагӣ ва ғайра боқӣ мондаанд.
Санаи бунёди Саноъ номаълум. Аз асри 6 маркази сиёсии Яман мебошад.
Дар асрҳои миёиа аз Саноъ роҳи тиҷорати Арабистони Ҷанубӣ ба сӯи мамлакатҳои атрофи баҳри Миёназамин мегузашт. Аз миёнаи асри 7 то миёнаи асри 9 қароргоҳи волиёни халифаҳои араб, дар миёнаҳои асри 9—аввали асри 11 пойтахти давлати мустақили феодаль, асрҳои 11—15 дар ҳайати давлатҳои гуногуни Арабистони Ҷанубӣ, солҳои 1546—1628 ва 1871—1911 зердасти туркҳо буд. Аз соли 1918 пойтахти подшоҳии Яман ва аз соли 1962 пойтахти Республикаи Ямани Араб аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …