Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САН-СЕБАСТЯН

Шаҳри САН-СЕБАСТЯН

САН-СЕБАСТЯН, шаҳрест дар шимоли Испания, дар Сарзамини Баскҳо. Бандарест дар соҳили халиҷи Бискай. Маркази маъмурии музофоти Гипускоа» Аҳолиаш 178 ҳазор нафар (1974).

sansebastian

Соҳаҳои саноаташ: коркарди металл ва мошинсозӣ (дастгоҳҳо, механизмҳои борбардор, яҳдонҳо, таҷҳизоти электрӣ), химия, қоғаз, бофандагӣ, семент, хӯрокворӣ. Маркази моҳидорист. Базаи туристӣ ва ‘курорти байналхалқӣ дорад. Дар Сан-Себастян ҳар сари чанд вақт кинофестивалҳои байналхалқӣ гузаронида мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …