Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САН-САЛВАДОР

Шаҳри САН-САЛВАДОР

САН-САЛВАДОР, пойтахти Салвадор. Маркази асосии иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Узели роҳи оҳан ва роҳҳои шоссе; аэропорт дорад. Дар водии дарёи Амакас ва доманаи вулқони Сан-Салвадор, дар баландии қариб 700 метр воқеъ гардидааст. Иқлимаш тропикӣ; ҳарорати миёнаи декабр 22°Селсия, апрели (моҳи гармтарин) 24,6°Селсия; боришоти солона 1788 миллиметр. Масоҳат 80 километр2. Аҳолиаш 915 ҳазор нафар. (1982, бо аҳолии гирду атроф). Корхонаҳои саноатии Сан-Салвадор бештар аз 1/4 ҳиссаи маҳсулоти саноатии мамлакатро медиҳад.

salvador2

Соҳаҳои муҳими саноаташ: бофандагӣ (аз ҷумла фабрикаҳои калони газворҳои пахтагин), хӯрокворӣ ва коркарди металл. Ёдгориҳои меъмориаш: калисоҳои Эл Сенор Сан-Хосе (1783), Хесукристо (1785) ва ғайра. Дар маркази шаҳр майдони Пласа Боливар ва боғи Боливар бо Қасри миллӣ (1902—07) воқеъ гардидаанд. Сан-Салвадор 2 университет, театрҳо, консерватория, муассисаҳои илмӣ, музейҳо, боғҳои ҳайвоноту наботот ва ғайра дорад. Баъди як қатор заминҷунбиҳо (1798, 1854, 1873, 1965 ва ғайра) Сан-Салвадор чанд маротиба аз нав сохта шуда, дар он кӯчаҳои росту васеъ ва боғоти фарох бунёд гардиданд, Шаҳр апрели 1525 бино ёфтааст. Баъди соҳибихтиёр гардидани Салвадор (1821) пойтахти мамлакат эълон шуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …