Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САН-ПАУЛУ

Шаҳри САН-ПАУЛУ

САН-ПАУЛУ, шаҳрест дар ҷануби шарқи Бразилия. Маркази маъмурии штати Сан-Паулу. Яке аз калонтарин шаҳрҳои Америкаи Лотинӣ ва ҷаҳон аст. Сан-Паулуи Калон 14 шаҳрчаи атрофро дар бар мегирад. Аҳолиаш 12708,6 ҳазор нафар (1980). Сан-Паулу маркази муҳими саноат, тиҷорат ва маданият, узели калони роҳҳои нақлиёт аст. Тақрибан 1/3 ҳиссаи маҳсулоти саноати мамлакатро медиҳад.

san-paulu1

Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсозӣ (мошинҳои нақлиётӣ, электротехникӣ, хоҷагии қишлоқ), химия ва бофандагӣ. Корхонаҳои саноати металлургияи ранга, автомобил, дорусозӣ, хӯрокворӣ, мебел, шиша, кулолӣ, коғазу селлюлоза, чарму пойафзол, дӯзандагӣ низ дорад. Сан-Паулу калонтарин дар Бразилия бозори қаҳвафурӯшист. Содироташ аз бандари баҳрии Сантус мегузарад. Шаҳр 3 университет, Институти тадқиқоти илмии уқёнуснигорӣ ва дигар муассисаҳои тад- қиқоти илмӣ, инчунин театри опера, музею китобхонаҳо дорад. Дар маркази Сан-Паулу биноҳои серошёнаи маъмурӣ, меҳмонхона ва тиҷоратхонаҳо мавҷуданд. Шаҳр 25 январи 1554 бунёд шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …