Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САН-ХУАН

Шаҳри САН-ХУАН

САН-ХУАН, шаҳр, маркази маъмурии Пуэрто-Рико. Дар ҷисми шимоли ҷазираи Пуэрто-Рико, шаҳри кӯҳнааш дар ҷазираи на чандон калон ҷой гирифтааст. Иқлимаш тропикӣ, ҳарорати миёнаи январи 24°Селсия, июл 28°Селсия, боришоти солона 1550 миллиметр. Аҳолиаш 1035 ҳазор нафар (1980, бо атрофаш). Узели роҳҳои шоссе, бандари асосии мамлакат. Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, бофандагӣ, пойафзол, дӯзандагӣ, коркарди нефт, химия мавҷуданд. Университет, Академияи забони испанӣ, Институти маданияти Пуарто-Рико, китобхонаю музейҳо ва театрҳо дорад. Дар шаҳр осори меъмории асрҳои 16—18 боқӣ мондааст.

s1200huan
Шаҳрро соли 1508 испанҳо бунёд карда, онро Капарра номидаанд. Соли 1521 шаҳр ба дигар ҷой кӯчонда шуда, Пуэрто-Рико (испанӣ—бандари бой) ном гирифт. Бо мурури замон тамоми ҷазираро Пуэрто-Рико ва шаҳрро Сан-Хуан меномидагӣ шуданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …