Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САЛОНИКИ

Шаҳри САЛОНИКИ

САЛОНИКИ, Фессалоники (Thessalonike), шаҳр ва бандари калонест дар Юнон, дар соҳили халиҷи Термаикос (халиҷи Салоники)-и баҳри Эгей. Аз рӯи шумораи аҳолӣ ва аҳамияти иқтисодӣ баъди Афина дуюмин шаҳри Юнон аст. Аҳолиаш 346 ҳазор нафар (1971, бо атрофи шаҳр 545 ҳазор нафар). Ба воситаи бандари Салоники ғайр аз борҳои Юнон, борзои давлатҳои дигари нимҷазираҳои Балкан кашонда мешаванд.

saloniki

Дар территорияи Салоникии Калон саноати химияи нефт, металлургия, коркарди металл ва мошинсозӣ (аз ҷумла электротехникӣ, киштисозӣ ва таъмири киштӣ) мавҷуд аст. Салоники маркази асосии саноати бофандагии мамлакат буда, корхонаҳои саноати хӯрокворӣ ва тамоку низ дорад. Дар Салоники университет, музейи археологӣ даст. Салоникиро соли 315 то мелод шоҳи Мақдуния Кассандр бунёд кардааст. Апрели 1941 шаҳрро фашистони немис истило карда буданд. Октябри 1944 онро қӯшунҳои армияи халқии озодихоҳии Юнон озод намуданд. Дар Салиники ҳар сол ярмаркаи байналхалқӣ гузаронда мешавад. Ёдгориҳои меъмории давраҳои Рими Қадим ва Византия (асрҳои 4—7) боқӣ мондаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …