САКИ, шаҳрест дар вилояти Қрими РССУ, дар соҳили кули Саки (4 км дуртар аз баҳри Сиёҳ). Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 31 ҳазор нафар (1975). 3аводи химия ва корҳонаҳои саноати хӯрокворӣ до¬рад. Сакӣ шаҳри курортист.
Тобистонаш гарм боришоти солона 380 мм. Воситаҳои табобат лойқа ва намакоби кӯли Саки. 7 км дуртар аз Саки чашмаи минералие ҳаст, ки обаш хлориди гидрокарбонати натрий дорад. Онро барои қабули ванна ва чун оби нӯшокӣ истифода мсбаранд. Дар ин ҷо касалиҳои устухону мушак, системаи асаб, касалиҳои зано¬на ва пӯстро муолиҷа мекунанд. Дар шаҳр санатория ва табобатхонаҳо сохта шудаанд.