Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри РЯЗАН

Шаҳри РЯЗАН

РЯЗАН, шаҳр, маркази вилояти Рязани РСФСР. Дар соҳили рости дарёи Ока воқеъ аст. Истгоҳи калони киштиҳо, узели роҳи оҳан. Аҳолиаш 462 ҳазор нафар (1980). Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ Рязан ба маркази калони саноатӣ табдил ёфт. Шаҳр 60% маҳсулоти умумии саноати вилоятро медиҳад. Дар давраи баъдиҷангӣ махсусан соҳаҳои саноати вазнин, аз ҷумла мошинсозӣ ривоҷ ёфт. 3аводҳои асосиаш: дастгоҳсозӣ, таҷҳизоти
оҳангарию пресскунӣ, комбайнҳои картошкағундор, мошинҳои ҳисобу аҳлилкунанда, асбобҳои гармидеҳ, радио, коркарди, нефт, нахҳои химиявӣ картону рубероид, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ. Инчунин корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, сабук (фабкаҳои дӯзандагӣ, пойафзол, заводи чарм ва ғайра) ва чӯбгарӣ (комбинати мебел) мавҷуданд. Дар Рязан 2 институти тадқиқоти илмӣ, 4 институт (радиотехники, хоҷагии қишлоқ, педагогӣ ва тиббб), 11 мактаби миёнаи махсус, 3 музей ва 3 театр ҳаст. Аз ёдгориҳои меъмории асрҳои гузашта ҷомеи (1095), калисоҳои домен Архангелский (асри 16), Успенский (асри 17) ва ғайра боқӣ мондаанд.

ryazan1
Аввалҳо маркази князии Рязан ҳисоб ёфта, аз Pязани имрӯза 50 км ҷанубу шарқтар воқеъ гашта буд. Соли 1237 шаҳрро муғулҳо хароб намуданд. Дар асри 14 маркази князӣ ба шаҳри Переяславл-Рязанский кӯчонда шуд, ки он соли 1521 ба ҳайати давлати Москва дохил гардид. Соли 1778 Рязан ном гирифт. Аз соли 1796 маркази губ. Рязан. Рязан солҳои 1929—1930 маркази округи вилояти Москва буд, аз соли 1937 бошад, маркази вилояти Рязан аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …