Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри РОСТОВИ ДОН

Шаҳри РОСТОВИ ДОН

РОСТОВИ ДОН, шаҳр, маркази вилояти Ростови РСФСР. Узели калони роҳи оҳан, роҳҳои шоссе ва ҳавоӣ, бандари дарёӣ. Дар соҳили дарëи Дон воқеъ гардидааст. Аҳолиаш 983 ҳазор нафар (1984). Ба 7 район тақсим шудааст.

2
Ростови Дон маркази калони саноат аст. Соҳаҳои асосии саноаташ: мошин¬сози (хусусан мошинҳот хоҷагии қишлоқ), саноати сабук, хӯрокворӣ, химия. Ростови Дон яке аз муҳимтарин дар мамлакат ва калонтарин дар Кавкази Шимолӣ марказҳои мошинсозӣ (зиёда аз 50 завод) ба шумор меравад. Соҳаи мошинсозӣ 40% маҳсулоти саноатии шаҳр, 70% комбайнҳои ғалладарави СССР-ро медиҳад. Дар Ростови Дон инчунин заводҳои «Электроинстру¬мент», асбобҳои махсус ва таҷҳизоти техникӣ, эксперименталӣ, заводҳои подшипник, поршен, «Пролетар¬ский молот» (яхдонҳои рӯзгор мебарорад), «Легмаш» (таҷҳизоти тех¬нологӣ барои саноати сабук) мавҷуданд. Заводи ба номи револютсияи Ок¬тябр ба саноати химия мансуб аст. Саноати мебел низ ривоҷ ёфтааст. Фабрикаҳои тамокую қаннодӣ, комбинатҳои гӯшт, заводҳои вино, консерв, иттиҳодияи «Донвино» ва ғайра кор мекунанд. Саноати сабук ҳам тараққӣ кардааст (фабрикаи пойафзол, иттиҳодияи чармгарӣ, иттиҳодияи трикотаж, фабрикаҳои дӯзандагӣ). Ба воситаи бандари Ростови Дон чӯб, маъдан, нуриҳои минералӣ, масолеҳи бинокорӣ, молҳои саноа- тӣ, маҳсулоти хоҷагит қишлоқ ва ғайра кашонда мешавад.
Ростови Дон маркази калони илмӣ ва маданист. Дар он 9 донишкадаи олӣ, 23 мактаби миёнаи махсус, 38 институти лоиҳакашӣ, 18 институти тадқиқоти илмӣ, 2 музей, 4 театр, сирк ва фи¬лармония мавҷуд аст.
Дар ҷои ҳозираи шаҳр соли 1761 қалъае бунёд гардида, ба шарафи митрополит Дмитрий Ростовский Ростов номида шуд. Маҳалли аҳолинишине, ки дар атрофи қалъа ба вуҷуд омада буд, соли 1796 ба шаҳр табдил ёфт ва онро Ростови Дон номиданд. Ростови Донро қӯшунҳои фашистони немис ду маротиба (21—29 ноябри 1941 ва аз 27 июли 1942 то 14 феврали 1943) ишғол намудаанд. Шаҳр бо ордени Ленин (1970) ва ордени Чанги Бузурги Ватании дараҷаи 1 (1982) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …