Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ХИРОСИМА

Шаҳри ХИРОСИМА

ХИРОСИМА, шаҳрест дар Япония, дар қисми ҷанубу ғарбии ҷазираи Хонсю. Бандар дар делтаи дарёи Ота: Маркази маъмури префектураи Хиросима, Аҳолиаш 852 ҳазор нафар (1977). Маркази муҳимми наклиёт, саноат ва маданият. Корхонаҳои саноати мошинсози (киштисозӣ, дастгоҳу асбобсозӣ), ҳарбӣ, резинҳои техникӣ, чӯбгарӣ, коғаз, бофандагӣ дорад. Университет ҳаст.

6712921

Шаҳр дар атрофи қалъаи князи феодалии Мори, ки соли 1591 сохта шуда буд, бунёд гаштааст. 6 августи 1945 ШМА бе ягон зарурати ҳарбӣ ба Xиросима якумин бомбаи атомиро партофт, ки дар натиҷа қисми зиёди шаҳр хароб гардида, беш аз 140 ҳазор одам ҳалок ва ярадор шуд. Дар Xиросима аз соли 1959 ин ҷониб борҳо конференсияҳои байналхалқии муборизони зидди яроқи ядроӣ барпо гардиданд. Азнавсозин Xиросима аз солҳои 50 сар шуда, босуръат давом дорад; қисми навбунёди шаҳр намунаи пешқадами шаҳрсозии Япония аст. Маркази ёдгории Сулҳ муҳимтарин осори меъмории муосири Xиросима ба шумор меравад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …