Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ХАРТУМ

Шаҳри ХАРТУМ

ХАРТУМ, пойтахти Республикаи Демократни Судон (аз соли 1969). Дар андароби дарёҳои Нили Сафед ва Нили Кабуд ҷойгир шудааст. Маркази маъмурии музофоти Xартум аст. Аҳолиаш 2 млн нафар (1985). Бандари дарёӣ, узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард.

13

Аэропорти байналхалқӣ дорад. Соҳаҳои саноаташ: бофандагӣ, хӯрокворӣ, чарму пойафзол, шиша ва ғайра. Университети ва филиали Университети Қоҳира (Миср) ҳаст. Театри ҳозиразамон, музейҳо (миллӣ, этнографӣ, таъриху табиатшиносӣ) дорад. Шаҳр солҳои 20 асри 19 бунёд ёфтааст. Аз январи 1956 пойтахти республикаи Судон буд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …