Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ХАРКОВ

Шаҳри ХАРКОВ

ХАРКОВ, шаҳр, маркази вилояти Харкови РССУ. Узели калони нақлиёт. Аҳолиаш 1536 ҳазор нафар (1984). Маркази муҳимми мошинсозӣ (заводҳои тракторсозӣ, турбинасозӣ, электромеханики, дастгоҳсозӣ, моторсо-ӣ ва ғайра).

399468_main

Корхонаҳои саноати химия, сабук, хурокворӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ низ мавҷуданд. Аз соли 1972 метрололитен кор мекунад. 21 мактаби олӣ (аз ҷумла университет), 6 театр дорад. Xарков дар нимаи асри 17 ҳамчун қалъа бунёд ёфтааст. Солҳои 1918—34 пойтахти РССУкраина буд. Едгориҳои меъмориаш: калисоҳои ҷомеи Покровский (асри 17), Успенскнй (асри 18), собиқ қасри Екатерина (асри 18, ҳоло бинои институти политехникӣ), монумент ба муносибати барқарор кардани Ҳокимиятӣ Советӣ дар Ук раина (1974). Xарков бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1970).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …