Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри УРГУТ

Шаҳри УРГУТ

УРГУТ, шаҳр (аз 20 марти 1973), маркааи раёни Ургути вилояти Самарқанди РСС Узбакистон. Дар доманаи қаторкӯҳи Зарафшон, 44 км ҷанубу шарқтар аз шаҳри Самарқанд воқест. Дар шаҳр комбинти хизмати маишӣ, фабрикаи бофандагӣ, устохонаи таъмири мошинҳои хоҷагии қишлоқ, матбаа, заводҳои хишт, шир, ферментасияи тамоку, сехҳои лимонаду қаннодӣ мавҷуданд.

urgut-01

2 китобхона, музеи кишваршиносӣ, хонаи маданият, театри халқӣ, кинотеатрҳо, мактабҳои миёна, 3 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ касалхона, таваллудхона, диспансери бемориҳои сил дорад. Ургут аввалҳои асри 18 дар ҳуҷҷатҳои таърихӣ ҳамчун деҳаи Аркут (дар «Бобурнома» Арқат) номбар шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …