Маълумоти охирин
Главная / Илм / ШИДДАТНОКИИ МАЙДОНИ ЭЛЕКТРӢ

ШИДДАТНОКИИ МАЙДОНИ ЭЛЕКТРӢ

ШИДДАТНОКИИ МАЙДОНИ ЭЛЕКТРӢ, бузургии вектории Е-ро гуянд, ки таъсири қуввагии майдони электриро ба зарра ё қисми электрнок тавсиф медиҳад. Ш.м.э. бо нисбати E=Fo/Q ифода мешавад (Го — қувваест, ки аз тарафи майдон ба заряди электрик нуқтагӣ таъсир мекунад, Q — қисми заряди электрист, ки дар нуқтаи муоинашавандаи майдон ҷойгир шудааст). Заряди Q бояд ба дараҷае хурд бошад, ки дар вақти онро ба майдони тадқиқшаванда дохил кардан қимат ва тақсимоти ташкилдиҳандаи эарядҳои электрии ин майдон дар фазо бе тағйир монад. Дар Системаи воҳидҳои байналхалқӣ Ш. м. а. бо В/м чен мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …