Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳраки ФАРХОР

Шаҳраки ФАРХОР

ФАРХОР, посёлкаи типи шаҳрӣ (аз 16 октябри 1950), маркази маъмурии раёни Фархори вилояти Кулоб, Аҳолиаш 15,8    ҳазор нафар (1986).

farxor

Корхонаҳои саноатиаш:         заводҳои пахта, нон, комбинати хизмати маишӣ. Дар посёлка инчунин иттиҳодияи районии «Селхозтехника», колоннаҳои сайёри механиконидаи рақамҳои 17 ва 26, автоколоннаи рақами 1, базаи автомобилии рақами 18, идораи сохтмону таъмир, 1 универмаг, поликлиника, беморхона ва ғайра дорад. Дар Фархор филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳриКӯлоб, филиали Омӯзишгоҳи савдои шаҳри Душанбе, курси ронандагон мавҷуданд. Масҷиди Чилтанбобо ёдгории таърихист.

Т. Сафаров.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …