Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СЪЕЗДҲОИ СОВЕТҲО

СЪЕЗДҲОИ СОВЕТҲО

first_congress_of_soviets_of_russia_1917

СЪЕЗДҲОИ СОВЕТҲО, органҳои олии ҳокимияти давлатии СССР аз давраи ташкилшавии он (30 декабри 1922) то қабул шудани Конституцияи СССР (1936). Мувофиқи Конституцияи соли 1924 аз намояндагони Советҳои ҳамаи республикаҳои советӣмувофиқи норма ташкил карда мешуд: баСоветҳои шаҳрӣ —4 депутат аз 25 ҳазор интихобкунанда; аз съездҳои Советҳои губерниявӣ (вилоятӣ, кишварӣ) ва республикавӣ—1 депутат аз 25 ҳазор аҳолӣ. Вакилони СъездиСоветҳодар съездҳои Советҳои губерниявӣ (вилоятӣ, кишварӣ) ва Республикаҳои автономӣ, дар,республикаҳои иттифоқие, ки иттиҳодияҳои губерниявӣ (ва баъд вилоятию кишварӣ) надоштанд, бевосита дарСъездиСоветҳои республика интихоб мешуданд.

Дохил кардани тағйирот ба Конституцияи СССР, қабули республикаҳои нав ба ҳайати СССР, муайян кардани асоси планҳои перспективиитараққиётихоҷагиихалқиСССРвабуҷетидавлатииСССР фақат ба СъездиСоветҳотааллуқ дошт. СъездиСоветҳорафти умумии фаъолияти ҳамаи органҳои дазлатнро муайян ва Комитети Иҷроиши Марказии (КИМ)-и СССР-ро ташкил намуданд. Комитети Иҷроиши Марказӣ дар фосилаи съездҳо органи олии Ҳокимияти Советӣ буд.

Солҳои 1922—36 8 СъездиСоветҳошуда гузашт, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими конституционӣ, масъалаҳои сохти давлатӣ сохтмони хоҷагию маданӣ, мудофиа, сиёсати берунӣ ва ғайра муҳокима шуданд.

Съезди 8-уми фавқулодаи Советҳо Конституцияи СССР (1936)-ро тасдиқ намуд, ки мувофиқи он органи олии ҳокимияти давлатии СССР Совети Олии СССР мебошад.

Съезди 1-уми Советҳои Тоҷикистон (1926) баённомаи доир ба ташкили Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, Съезди 2-юм (1929) Конституцияи Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, Съезди 3- юми фавқулода (1929) қарор ба Баённома дар бораи ба Республикаи Советии Социалиоти табдил додани Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, Съезди 6-уми фавқулоддаи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1936—1937) Конституцияи  Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистонро қабулкард.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …