Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СЪЕЗДҲОИ СОВЕТҲОИ ТУРКИСТОН

СЪЕЗДҲОИ СОВЕТҲОИ ТУРКИСТОН

СЪЕЗДҲОИ СОВЕТҲОИ ТУРКИСТОН, Съезди 1-уми (Съезди 1- уми кишварии Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо) 7—15 апрел 1917 дар Тошкент барпо гардид. Дар съезд аксариятро меншевикону эсерҳо ташкил мекарданд, бинобар ин дар бораи боварӣ ба Ҳукумати муваққати қарор қабул гардид. Дар съезд муросокорони эсеру меншевикон талаб карданд, ки Советҳо бо вазифаи назорат қаноат намуда, ба корҳои ҳукумат дахолат накунанд. Аксарияти эсерону меншевикҳо ба тарафдории давом додани ҷанги империалистӣ, зидди ҷорӣ намудани рӯзи кори 8-соата ва назорати коргарӣ дар корхонаҳо баромаданд. Съезд ҳанчунин қарорҳои Ҳукумати муваққатиро дар бораи мавқуф гузоштани ҳалли масъалаи аграрӣ то даъвати Маҷлиси муассисони умумироссиягӣ, дар бораи надодани мухторият ба Туркистон маъқулшуморид. Съезд Совети депутатҳои коргарону солдатҳоро кишварро интихоб кард, ки дар он меншевикону эсерҳо аксариятро ташкил медод.

1-sezdi-turkiston

Съезди 2-юм (Съезди 2-юми кишварии Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо) 30 сеятябр—10 октябри 1917 дар Тошкент барпо гардид.  Дар он 97 вакилиштирок дошт. Рӯзномаи съезд: Воқеаҳои сентябрӣ дар Тошкент; Интихоби Совети кишварӣ; Ташкили ҳокимияти кишварӣ; Интихоби вакилони Маҷлиси муасисон.

Меншевикон Совети Тошкентро айбдор карданӣ шуданд, ки гӯё ҳокимиятро ғайриқонунӣ ба даст гирифта бошад. Болшевикон бар зидди ин даъвои меншевикону эсерҳо баромаданд ва муваффақ шуданд, ки резолюцияи меншевикон дар съезд муҳокима шавад. Дар натиҷа эсерҳою меншевикон аз кори съезд норозӣ шуда, онро тарк карданд. Дар съезд 50 вакили Тошкентӣ революционӣ монданд. Съезд таклиф намуд, ки барои интихоби Совети кишварии депутатҳои коргарон, солдатҳо ва деҳқонон копференцияҳои вилоятӣ даъват карда шаванд.

Съезди 3-юм (Съезди 3-юми кишварии Советҳои депутатҳои коргарону солдатҳо) 15—22 ноябр 1917 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 114 вакилиштирокдошт. СъездҲокимиятиСоветиродарТуркистонэълоннамуда, СоветиКомиссарониХалқ (СКХ)-икишвариТуркистонроинтихобкард. СъезддаррӯзидуюмикорашбосъездикишварииСоветҳоидепутатҳоидеҳқононякшуд. Дар резолюцияи махсус доир ба ташкили ҳокимият дар маҳалҳо қайд карда мешуд, ки ҳокимият дар маҳалҳо ба ихтиёри Советҳои депутатҳои коргарон, солдатҳою деҳқоного ва Советҳои депутатҳои мусулмонон гузарад. Съезд дар маҳалҳои кишвар аз нав интихоб карданд. Советҳоро зарур шуморида, ба ин муносибат гузаронидани съездҳои советҳои депутатҳои коргарон, солдатҳо ва деҳқонон, инчунин съездҳои вилоятииСоветҳои депутатҳои мусулмононро таклиф кард.

А. Қодиров, Ш. Ҷалилов.

Съезди 4-ум (Съезди 4-умифавқулодаи кишварии Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо) 19— 26 январи 1918 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 144 вакил иштирок дошт. Рӯзномаи съезд: Маърӯзаи СоветиКомиссарониХалқ; Дар бораи автономияи Туркистон; Масъалаи дар маҳалҳо ташкил кардани ҳокимият; Дар бораи вазъияти молиявии Советҳо; Масъалаи барҳам додани бекорие, ки дар натиҷаи аз сафи армия ҷавоб шудани одамон ба амал омадааст; Дар бораи вазъияти сиёсӣ ва ғайра. Дар маърӯза оид ба кориСоветиКомиссарониХалқ ва музокираи вакилон натиҷан корҳои 2-моҳаи баъди Съезди 3-юми кишварии Советҳо ҷамъбаст карда шуд. Ташкили автономияи Туркистои яке аз масъалаҳои марказии Съезд буд. Съезд бо вуҷудимуқобилатисахтиконтрреволюционеронимайдабуржуазӣ, кибаташкилиавтономияи советӣ зид баромада, барҳам додани Советҳо ва бо органҳои худидоракунии муниципалӣ иваз намудани онҳоро талаб мекарданд, революцияи болшевиконро қабул намуд. Дар ин резолюция қайд карда мешуд, ки ҳокимияти ҳақиқӣ танҳо ҳокимияти Саветҳои депутатҳои коргарон, солдатҳо, деҳқонон ва коргарони мусулмон мебошад. Съезд декрети милликунонии заминро тасдиқ кард. Сьезд органҳои роҳбарикунандаи Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Туркистонро интихоб намуд.

Съезди 5-ум (Съезди 5-уми умумитуркистонии Советҳо) 20 апрел —1 майи 1918 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 243 вакил иштирок дошт, ки 50 нафарашон намояндагони миллатҳои маҳаллӣ буданд. Рӯзномаи съезд: Маърӯзаҳои комиссарони халқӣ (Дар бораи милликунонии саноат, дар бораи мубориза бо гуруснагӣ, бекорӣ, касалиҳои сирояткунанда ва ҷинояткорӣ, дар бораи вазъияти Армияи Сурх, дар бораи азнавсозии комитетҳои замину об); Вазъияти ҷорӣ; Дар бораи азнавсозии ҳокимият дар кишвари Туркистон.

Съезд ба масъалаҳои милликунонии саноат, сиёсати миллӣ, сохтмони ҳарбӣ, вазъияти хӯрокворӣ дар Туркистон, кор дар деҳот, мустаҳкам намудани Советҳои маҳаллии меҳнаткашон ва ғайра диққати калон дод.

Съезд мувофиқи нишондодҳои В. И. Ленин ва хоҳиши халқҳоеро, ки дар як оилаи бародаронаи халқҳои РСФСР зиндагӣ ва кор кардан мехостанд, ба назари эътибор гирифта, 30 апрел таъсис ёфтани Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Туркистонро дар ҳайати РСФСР эълон, Низомномаи оид ба автономияро тасдиқ, органҳои роҳбарикунандаи Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Туркистонро интихоб намуд.

М. Искандаров.

Съезди 6-у м (Съезди 6-уми фавқулодаи Советҳои Респуликаҳои Автономии Совети Сотсиалистии Туркистон)

5—14 октябри 1918 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 439 вакил иштирок дошт. Рӯзномаи съезд: Масъалаҳои мудофиаи республика; Мустаҳкам кардани Ҳокимияти Советӣ; Қабули Конституцияи Респуликаҳои Автономии Совети Сотсиалистии Туркистон Туркистон. Съезд масъалаи ҳарбиро муҳокима карда, резолюция қабул намуд, ки дар он пурқудрат кардани Армияи Сурх, ба сафи он ҷалб намудани беҳтарин намояндагонн миллатҳои маҳаллӣ ва ғайра зикр ёфта буд. Съезд КонституцияиРеспуликаҳои Автономии Совети СотсиалистииТуркистонро муҳокима ва қабул кард. Дар маҷлиси хотимавӣ съезд масъалаи дар Фронти Ашқобод ташкил додани штаби сиёсиро муҳокима кард. Съезд органҳои роҳбарикунандаи Респуликаҳои Автономии Совети Сотсиалистии Туркистонро интихоб намуд.

Съезди 7-ум (Съезди 7-уми фавқулоддаи Советҳои Респуликаҳои Автономии Совети Сотсиалистии Туркистон) 7—31 марти 1919 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 245 вакил иштирок дошт. Рӯзномаи съезд: Вазъияти иқтисодии республика; Сиёсати молиявӣ; Ҳисоботҳои Комитети Иҷроияи Марказӣ ва ОКХ. Съезд вазъияти молиявии республикаро муҳокима намуда, оид ба ташкили комитетҳои камбағалон ва комитети обу замин, таъмини камбағалон бо тухмию хӯрокворӣ қарорҳо қабул карда, чораҳои конкретӣ андешид. Маҷлисҳои секцияҳои миллии съезд масъалаи басохтмони советӣ ҷалб намудани меҳнаткашони миллатҳои маҳаллиро муҳокима намуданд. Съезд органҳои роҳбарикунандаи Респуликаҳои Автономии Совети Сотсиалистии Туркистонро интихоб намуд.

Съезди 8-у м (Съезди 8-уми Советҳои Респуликаҳои Автономии Совети Сотсиалистии Туркистон) 6 сентябр— 3 октябри 1919 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 232 вакил иштирок дошт. Съезд масъалаҳои мустаҳкам намудани органҳои Ҳокимияти Советӣ ва Армияи Сурхро муҳокима кард. Бо мақсади суст кардани Ҳокимияти Советӣ миллатчиён дар съезд масъала ба мяён гузоштанд, ки Округи КХуҷанд ба советҳои мудофиа, иқтисодӣ ва маданияту маориф иваз карда шавад. Баръакси ин болшевикон гондодҳоидирективвиКомитети МарказиРКП(б)-роаз 19 июли 1919 бароҳбарӣгирифта, дарсъездқарори доир ба мустаҳкам намудани органҳои Ҳокимияти Советн ва Армияи Сурх ба кори роҳбаряи дашлатӣ ҷалб намудани меҳнаткашони маҳаллиро тасдиқ кунонданд, ки он марҳилаи нави амалӣ шудани сиёсати ленинии миллӣ дар Осиёи Миёна буд.

Съезди 9-ум (Съезди 9-уми Советҳои РАСС Туркистон) 19—25 сентябри 1920 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 211 вакил иштирок дошт. Съезд мувофиқи нишондодҳои Комитети Марказии РКП(б) ва В. И. Леяин роҳҳои татбиқи сиёсати миллии Партияи Коммунистиро дар Туркистон муайян намуд. Съезд махсус қайд намуд, ки ба кори роҳбарии давлатӣ меҳнаткашони миллатҳои маҳаллӣ васеъ ҷалб карда шаванд. Съезд фаъолияти ҷудоиандозии националикунонҳоро маҳкум карда, изҳор намуд, ки алоқаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, маданию ҳарбиро бо РСФСР мустаҳкам бояд кард. Съезд Конституцияи нави Республикаи Автономии Совети Сосиалистии Туркистонро тасдиқ намуд.

Съезди 10-у м (Съезди 10-уми Советҳои Республикаи Автономии Совети Сосиалистии Туркистоя) 21—25 августи 1921 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 362 вакил иштирок дошт. Съезд масъалаҳои ҳисоботи ҳукумати Республикаи Автономии Совети Сосиалистии Туркистон, ҷорӣ намудани тарзҳои нави роҳбарӣ басаноат, сиёсати замин, чораҳои баланд бардоштани хоҷагии қишлоқ ва ғайраро муҳокима кард.

Съезди 11-ум (Съезди 11-уми Советҳои Республикаи Автономии Совети Сосиалистии Туркиотон) 2—6 декабри 1922 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 278 вакил иштирок дошт. Рӯзномаи съезд: Ҳисоботҳои Комитети Иҷроияи Марказӣ, ОКХ ва Совети иқтисодии Советҳои Республикаи Автономии Совети Сосиалистии Туркистон; Ташкили маорифи халқ ва системаи судӣ; Маърӯзаи комиссияи марказии ёрӣ ба Армияи Сурх. Съезд роҳи пешгирифтаи КИМ ва СКХ-и Советҳои Республикаи Автономии Совети Сосиалистии Туркистонро дар соҳаи сиёсати миллӣ, муҳофизати хоҷагӣ ва ислоҳоти замин дуруст шуморида, доир ба беҳтар намудани вазъияти сиёсии Туркистон, тамоман барҳам задани босмачигӣ, вазифаҳои минбаъд баланд бардоштани хоҷагӣ ва маданият тадбирҳо андешид. Съезд органҳои роҳбарикунандаи Советҳои Республикаи Автономии Совети Сосиалистии Туркистонро интихоб намуд.

Съезди 12-ум (Съезди 12-уми Советҳои Советҳои Республикаи Автономии Совети Сосиалистии Туркистон) 1—8 январи 1924 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 356 вакил иштирок дошт. Съезд масъалаҳои натиҷаҳои интихоби Советҳо, барқароркунии хоҷагии қишлоқ, масъалаи кредит ва ғайраро муҳокима кард. Съезд оргагҳои роҳбарикунандаи Советҳои Республикаи Автономии Совети Сосиалистии Туркистонро интихоб намуд. Ин съезд охирин съезди Советҳоя Туркистон буда мувофиқи қарори Комитети Иҷроияи Марказии Республикаи Автономии Совети Сосиалистии Туркистон аз 16 сеятябри 1924 таъиди ҳудуди миллию давлатии республикаҳои Советии Осиёи Миёна оғоз ёфт.

Адабиёт: История Узбекской ССР, том 2, Ташкент, 1957; История таджикского народа, том 3, книга 1, Москва, 1964; Победа Советской власти в Средней Азии и Казахстане, Ташкент, 1967.

А. Қодиров, Ш. Ҷалилов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …