Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СЪЕЗДҲОИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ ТУРКИСТОН

СЪЕЗДҲОИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ ТУРКИСТОН

СЪЕЗДҲОИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ ТУРКИСТОН Съезди 1- ум17-уми июни 1017 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 43 вакил иштирок дошт. Рӯзнамаи съезд: Маърӯзаҳои ташкилотҳои маҳаллии партия; Дар бораи кори партиявии байни пролетариати мусулмон; Масъалаҳои ташкилӣ. Вакилон дар бораи вазъияти ташкилотҳои партия, мустаҳкам шудани сафҳои болшевикон ва пурқувват гардидани алоқа ба омма ахборот доданд. Дар қарори съезд «Дар бораи кори партиявӣ дар байни пролетариати мусулмон» қайд карда шуд, ки Ҳукумати Советӣ муҳофизи ягонаи манфиатҳои синфни пролетариати заҳматкаши мусулмон мебошад. Съезд ба ҷараёнҳои меншевикӣ дар партия хотима дода, ташкилоти болшевикии Туркистонро муттаҳид намуд ва Партияи Коммунистии Тоҷикистон Туркистонро қисми таркибии РКП(б) донист. Съезд органҳои роҳбарнкунандаи Партияи Коммунистии Туркистонро интихоб намуд.

1-sezdi-turkiston

Съезди 2-юм 17—29 декабр 1918 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 180 вакил иштирок дошт. Рузномаи съезд: Ҳисоботи Комитети Марказии (муваққатӣ)-и Партияи Коммунистии Туркистон ва фракцияи КИМ; Дар бораи вазъияти ҷорӣ, кори партиявӣ дар марказ ва маҳалҳо; Дар бораи муносибат ба иттифоқҳои касаба; Дар бораи муносибат ба партияҳои дигар; Дар бораи Конституцияи РАОС Туркистон ва ғайра.

Съезд натиҷаи фаъолияти ташкилоти партиявиро дар байни съеэдҳои 1-ум ва 2-юми Партияи коммунистӣ ҷамъбаст намуд. Съезд фаъолияти ҷудоиандозии гурӯҳи фракционии «коммунистони кӯҳансол»-ро маҳкум кард.

Съезд қарор кард, ки Комитети Марказии Комитети кишварии партия номида шавад. «Устави ташкилоти кишварии туркистонии Партияи Коммунистии Россия» қабул карда шуд. Съезд органҳои рохбарикунандаи –Партияи Коммунистии Туркистонро интихоб намӯд:

Съезди 3-юм 1—16 июни 1919 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 213 вакил бо овози ҳалкунанда ва 45 вакил бо овози машваратӣ иштирок доштанд. Рӯзномаи съезд: Дар бораи вазъияти ҷорӣ; Ҳисоботл Комитети кишварӣ ва маърӯзаҳои ташкилоти маҳалҳо; Сиёсати РКП(б) дар деҳоти Туркистон; Сохтмони советӣ; Кори сиёсӣ дар Армияи Сурх; Кори маданӣ-маърифатии партия; Ташкил намудани секцияҳои миллӣ; Интихоби Камитети кишварӣ.

Съезд дар асоси қарорҳои Съезди8-уми РКП(б) вазифаҳои конкретии сохтмони хоҷагиро муайян кард: муттаҳид намудани тамоми фаъолияти хоҷагӣ дар плани ягонаи умумии давлатӣ; дар зери роҳбарии Советҳои хоҷагии халқ аз рӯи план ташкил намудани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ; баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, сарфакорона истнфода бурдани воситаҳои моддӣ ва ғайра.

Дар Съезд масъалаи кори сиёсии байни сафҳои Армияи Сурх муҳокима карца шуд. Съезд мувофиқи қарорҳои Съезди 8-уми РКП(б) зарурати ба охир расондани кори ташкили армияи низомиро қайд карда; ҳарчи зудтар барҳам додани ҳама гуна зуҳуроти партизанчигӣ ва беинтизомиро талаб намуд. Съезд дар бораи ташкил намудани кори мадатнию маърифатӣ дар партня ва дар байни оммаи меҳнаткаш қарор қабул кард. Мувофиқи он дар назди Комитети кишварии партия шӯъбаи махсуси маданию маърифатӣ барпо карда мешуд, ки он ба мактабҳои маорифи партиявӣ, курсҳо ва ғайра рохбарӣ мекард. Съезд органҳои роҳбарижуяандаи Партияи Коммунистии Туркистонро интихоб намуд.

Съезди 4-ум (фавқулода) 12 сентябр—6 октябр 1919 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 173 вакил бо овози ҳалкунанда ва 88 вакил бо овози машваратӣ иштирок доштанд. Рӯзномаи съезд:                                     Маърӯзаи

Комитети кпшварии партия; Муҳокимаи радиограммаи КМ РКП(б); Сиёсати аграрӣ; Маърӯзаи Комиссияи назорату тафтишот оид ба муносибати байни Комитети Марказии Туркистон ва Комитети кишварии партия. Съезд дар вазъияти муборизаи пуршиддати зидди шовинизми абардавлатӣ ва майлони миллатчиёни маҳаллӣ мегузашт.

Дар резолюцияи оид ба маърӯзаиҳисоботи қайд карда мешуд, ки Комитети кишварии партия баъзе корҳои муҳими Съезди 3-юми Партияи Коммунистии Тоҷикистонро иҷро накард, ба коркунони роҳбарикунандаи ҳукумати республика таъсири зарурӣ расонда натавонист, кори партиявиро дар деҳот дуруст ба роҳ намонд.

Съезд органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Туркистонро интихоб кард.

Съезди 5-ум 12—18 сентябри 1920 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 148 вакил бо овози ҳалкунанда ва 7 вакил бо овози машваратӣ иштирок доштанд. Рӯзномаи съезд: Дар бораи вазъияти ҷорӣ: Вазифаҳои партия: Ҳисоботи Комитети Марказии (муваққатӣ)-и Партияи Коммунистии Тоҷикистон; Хисоботи вакилони Туркистон дар Съезди халқҳои Шарқдар Боку; Интихоби органҳои роҳбарикунандаиПартияи Коммунистии Туркистон.

Съезд роҳи сиёсии Комитети Марказии  РКП(б), Ҳукумати РСФСР ва Комиссияи Туркистонро комилан маъқул донист. Съезд дар резолюция «Дар бораи вазифаҳои Партияи Коммунистии Туркистон» дар бобати мусодираи заминҳои зиёдатии муҳоҷирон, мусодираи чорвои зиёдатии бойҳо ва ба деҳқонони камбағал тақсим карда додани онҳо чараҳои амалӣ андешид.

Съезд программаи инкишофи маорифи халқи республикаро муайян намуда, қарори Комитети Марказии РКП(б)-ро дар бораи тақсимоти кадрҳои партиявӣ якдилона маъқул донист.

Съезд органи роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Туркистонро интихоб намуд.

А. Содиров, Ш. Ҷалилов.

Съезди 6-ум 11—20 августи 1921 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 344 вакил бо овози ҳалкунанда ва 61 вакил бо овози машваратӣиштирок доштанд. Рӯзномаи съезд: Ҳисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Туркистон; Ҳисоботи Комиссияи марказии назорат; Масъалаҳои сиёсати хоҷагӣ ва саноати косибӣ; Ислоҳоти замин; Андози озуқа ва кооперация; Масъалаи Фарғона; Кори байни иттифоқҳои касабаи мусулмонон; Интихоби органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Туркистон.

Съезд ба ислоҳоти обу замин, ки соли 1921 гузаронда шуд, баҳои баланд дода, қайд намуд, ки ислоҳоти обу замин ба ташкилоти оммавии меҳнаткашон (колхозу совхозҳо) таҳкурсӣ шуда, Ҳокимияти Советиро дар Туркистон мустаҳкам кард. Съезд масъалаи ба амал татбиқ намудани директиваҳои Съезди 10-уми РКП(б) ва декретҳои Ҳукумати Советиро дар бораи гузаштан ба андози озуқа муҳокима намуда, натиҷаҳои аввалаш корҳои органҳои озуқаро ҷамъбаст кард ва аҳамияти бузурги инкишофи намудҳои гуногуникооперацияронишондод. Съездорганҳоироҳбарикунандаи Партияи КоммунистииТуркистонроинтихобнамуд.

Съезди 7-ум 11—16 марти 1923 дар Тошкент барпо гардид. Дар он 174 вакил бо овози ҳалкунанда ва 16 вакил бо овози машваратӣ иштирок доштанд. Рӯзномаи съезд: Маърӯзаи ҳисоботӣ дар бораи кори Комитети Марказии РКП(б) ва фаъолияти Бюрои осиёмиёнагии Комитети Марказии РКП(б); Ҳисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Туркистон; Ҳисоботи Комиссияи марказии назорати Партияи Коммунистии Тоҷикистон Туркистон, Сохтмони ташкилоти партия; Корҳои тарбиявӣ ва корҳои байни ҷавонон; Интихоби органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Тоҷикистон Туркистон. Съезд ҳисоботро дар бораи кори Комитети Марказии РКП(б) ва Фаъолияти Бюрои осиёмиёнагии Комитети Марказии РКП(б) муҳокима намуда, қайд кард, ки кори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Туркистон асосан ба амалӣ гардондани қарорҳои Съезди 11-уми партия равона гардида, дар ин роҳ муваффақиятҳои калон ба даст оварда шудаанд, Съезд вазъияти иқтисодӣ ва сиёсии Туркистонро таҳлил намуда, афзудани муқобилати унсурони бегонаи синфиро қайд кард. Дар революцияҳо ба рӯи ҳисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Туркистон ва қарори «Дар бораи чорабиниҳои наздиктарини хоҷагӣ» роҳҳои асосии барқароркунӣ ва инкишофи минбаъдаи хоҷагии халқи Туркистон нишон дода шуданд.

Съезд дар қарори худ «Дар бораи кори байни бепартиавиён» натиҷаҳои фаъолияти Партияи Коммунистии Туркистонро дар байни оммаҳои васеи коргару деҳқон ҷамъбаст кард. Съезд дар бобати беҳтар намудани кори ташкилии партия тадбирҳои зарурӣ андешид. Советҳои деҳот, иттифоқи «Қӯшчӣ» ва кооперация шаклҳои асосии ҳаёти ҷамъиятню сиёсии деҳот дониста шуданд. Съезд органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Туркистонро интихоб намуд.

Ф. Зикриёев, Р. Шарифов.

Съезди 8-ум 4—9 майи 1924 дар Тошкент барпо гардид, Дар он 266 вакил бо овози ҳалкунанда ва 72 вакил бо овози машварати иштирок доштанд. Рӯзномаи съезд: Дар бораи фаъолияти Комитети Марказии РКП(б); Дар бораи фаъолияти Бюрои осиёимиёнагии Комитети Марказии РКП(б); Ҳисоботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Туркистон; Маърузаи Комиссияи тафтишот; Маърӯзаи Комиссияи марказии назорати ПК Туркистон; Маърӯза дар бораи сохтмони партиявӣ; Маърӯза дар бораи сохтмони иқтисодӣ; Маърӯза дар бораи кори байни ҷавонон; Интихоби органҳои роҳбарикунадаи Партияи Коммунистии Туркистон.

Яке аз маҷлисҳои съезд ба хотираи В. И. Ленин бахшида шуд. Съезд роҳи сиёсии Комитети Марказии РКП(б) ва Бюрои осиёимиёнагии Комитети Марказии РКП(б)- ро дуруст ҳисобида, фаъолияти онҳоро маъқул донист. Ба Комитети Марказӣ супурда шуд, ки кори тарбияи сиёсии омма ва коммунистон пурзӯр карда шавад. Съезд қарор намуд; ки кадрҳои пурзӯри пропагандистӣ тайёр ва ленинизм бо роҳи тарҷумаи асарҳои В. И. Ленин ҳарҷониба пропаганда карда шавад.

Съезд қарори пленуми Комитети Марказии РКП (б)- ро дар бораи савдои давлатӣ ва кооперация маъқул дониста, қарори Съёзди 12-умиСоветҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Туркистонро доир ба масъалаҳои хоҷагӣ тасдиқ намуд.

Съезд органҳои роҳбарикунандаи Партияи Коммунистии Тоҷикистон Туркистон ва вакилони Съезди 13-уми РКП (б)-ро интихоб намуд.

Л. Фузайлов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …