Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДҲОИ КОЛХОЗЧИЁН

СЪЕЗДҲОИ КОЛХОЗЧИЁН

sezdhoi-kolxozchiyon

СЪЕЗДҲОИ КОЛХОЗЧИЁН, Съезди 1-уми умумииттифоқии колхозчиёни зарбдор 15—19 феврали соли 1934 дар Москва барпо гардид. Дар он 1513 вакил ҷамъ омад. Тамоми кори съезд таҳти шиори ба миёнгузоштаи партия — «Колхозҳо бояд болшевикӣ, колхозчиён осудаҳол гардонда шаванд» гузашт. Съезд ба сифати вазифаи аввалдараҷа аз ҷиҳати ташкилию хоҷагӣ мустаҳкам кардани колхозҳо, интизоми нави меҳнат, моликияти ҷамъиятӣ ва қатъ намудани амалиёти душмани синфиро гузошт.

21—25 августи 1933 дар Душанбе Съезди 1-уми колхозчиёни зарбдори Тоҷикистон ҷамъ омад, ки он масъалаи аз ҷиҳати ташкилию хоҷагӣ мустаҳкам намудани колхозқо ва вазифаҳои маъракаи кишти тирамоҳӣ ва ғунучини пахтаро муҳокима кард. Съезд натиҷаҳаи сохтмони колхозиро ҷамъбаст карда, аҳаммити ниҳоят калони ба ҳисоб гирифтани меҳнат, Мустаҳкам кардани бригадаю звеноҳои истеҳсолотӣ, барҳам додани баробарҳуқуқиро дар колхозҳо нишон дода, колхозчиёнро даъват намуд, ки ба интизоми баланди истеҳсолотӣ мушарраф гардида, ба зидди боёну кулакҳо қатъиян мубориза баранд.

Съезди 2-юми умумииттифоқии колхозчиёни зарбдор 11—17 феврали 1936 дар Москва барпо гардид. Ба съезд аз ҳамаи гӯшаю канорҳои Иттифоқн Советӣ 1433 вакил омад. Съезд «Устави намунавии артели хоҷагии қишлоқ”- ро муҳокима ва қабул кард. Устави артели хоҷагии қишлоқ муносибатҳои нави деҳотро ҷамъбаст кард ва аз ҷиҳати қонун ба расмият даровард, асосҳои ҳуқуқи сектори колхозии хоҷагии халқро муайян намуд, принсипҳои асосии ташкили истеҳсолот ва ҳаёти ҷамъиятиро дар колхозҳо муайян кард, қонуни вайроннашавандаи ҳаёти колхозӣ гардид.

26 феврал—1 марти 1935 дар Душанбе Съезди 2-юми колхозчиёни зарбдори Тоҷикистон барпо гардид. Дар он 227 вакилветеранҳои сохтмони колхозӣ, пешқадамони истеҳсолоти колхозӣ ва ғайра иштирок карданд. Съезд масъалаҳои зеринро муҳокима намуд: Дар бораи мустаҳкамшавии ташкилию хоҷагии колхозҳо ва вазифаҳои колхозҳо дар кишти баҳорӣ; Лоиҳаи Устави ТОЗ (Ширкати киштукори замин). Съезд шароити Тоҷикистонро ба назар гирифта, Устави намунавии ТОЗ-ро қабул кард, ки онро 2 марти 1935 Комитети Марказии Партияи Коммунистии(б) Тоҷикистон ва Съезди Колхозии Хоҷагии Тоҷикистон тасдиқ карданд. Дар айни ҳол Съезд зарур донист, ки колхозҳои республика оҳиста-оҳиста ихтиёран аз Устави ТОЗ ба Устави артел гузаранд. Сьезд дар Муроҷиатномаи худ «Ба ҳамаи колхозчиён, колхозчизанон ва меҳнаткашони яккадаст» даъват кард, ки меҳнаткашони деҳот ба муборизаи фаъолона барои ҳосили баланди киштзорҳо, болшевикӣ гардондани колхозҳо ва ҳаёти осудаҳолонаи мадании колхозчиён ҳамроҳ шаванд.

Съезди З-юми колхозчиёни зарбдори Тоҷикистон 4 ноябри соли 1935 дар Душанбе барпо гардид. Дар Съезд 813 вакил иштироккард. Дар Съезд бо маърӯзаи «Соли ҳуҷуми болшевикӣ» котиби якуми Комитети Маркази Партияи Коммунистии(б) Тоҷикистон С. К. Шадунц баромад кард. Съезд натиҷаҳои корҳои иҷрошударо ҷамъбаст намуда, захираҳои истифоданашударо барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнати хоҷагии қишлоқ ошкор кард, чараҳои бомуваффақиият ба анҷом расонидани ғунучини пахта ва фароҳам овардани шароити рӯёнидани ҳосили баланди пажтаи соли 1936-ро андешид. Съезд ба бештар афзудани ҳаракати стахановӣ дар хоҷагии қишлоқи республика мусоидат намуд.

28 октябри соли 1969 дар Душанбе Съездиколхозчиён кушода шуд, ки он лоиҳаи Устави нави намунавии колхозро мухокима ва тасдиқ кард ва вакилони Съезди 3-юми умумииттифоқии колхозчиёнро интихоб намуд, Съезд ба Комитети Марказии КПСС, Президиуми Совети Олии СССР ва Совети ВазирониСССР мактуби табрикӣ фиристода, партия ва ҳукуматро бовар кунонд, ки деҳқонони Тоҷикистон барои иҷрои супоришҳои плани панҷсолаи 8-ум, уҳдадориҳои ба шарафи100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин қабулкардашуда қувваю меҳнати худро дареғ намедоранд.

Съезди 3-юми умумииттифоқии колхозчиён 25—27 ноябри соли 1969 дар Москва барпо гардид. Дар он 4521 вакил аз ташоми гӯшаю канори Иттифоқи Советӣ ва ҳайатҳои вакилони давлатҳои социалистӣ ва ғайра иштирок доштанд. Масъалаи марказии Съезд масъалаи Устави нави намунавии колхоз буд. Съезд Устави нави намунавии колхозро муҳокима ва қабул кард. Устави нав воситаи пурзӯри болоравии минбаъдаи иқтисодиёт, маданият, некӯаҳволии деҳоти колхозӣ гардид. Съезд қарор кард, ки дар район, вилоят, кишвар, республикаҳо ва ноҳияҳои марказии мамлакат советҳои интихобии колхозҳо таъсис дода шаванд. Съезд Совети умумииттифоқии колхозҳоро дар ҳайати 125 аъзо интихоб ва қарори «Оидба суғуртаи иҷтимоии аъзоёни колхозҳоро» қабул намуд.

Съездҳои колхозчиён дар мубориза барои баланд бардоштани дараҷаи фаъолишти сиёсӣ ва меҳнатии деҳқонони колхозӣ, боз ҳам нашъунамо ёфтани сохти колхозӣ, тараққӣ кардани хоҷагии қишлоқ, иҷрои муваффақиятноки вазифаҳои сохтмони социалистӣ ва коммунистӣ роли муҳим бозиданд.

Адабиёт: Очерки истории колхозного строительства в Таджикистане (1917—1965), Душанбе, 1968.      М. Искандаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …