Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ КПСС

СЪЕЗДИ КПСС

26-sezd-kpss

СЪЕЗДИ КПСС, органи олии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ. Съездҳои навбатӣ мувофиқи Устави КПСС (соли 1961 Съезди 22-юм тасдиқ кард, соли 1966 дар Съезди 23- юм ва соли 1971 дар Съезди 24-ум, соли 1986 дар Съезди 27-ум тағйироти ҷузъӣ дохил карда шуд) аз тарафи Комитети Маркази КПСС ва камтар аз як бор дар 5 сол даъват карда мешаванд. Даъват ва тартиби кори съезд камаш яку ним моҳ пеш аз съезд эълон карда мешавад. Ҳайатинамояндагиро Комитети Маркази КПСС муқаррар мекунад. Съездҳои ғайринавбатӣ (фавқулода)-ро Комитети Маркази партия бо ташаббуси худ ё бо талаби на камтар аз сеяки шумораи умумии аъзоёни партия, ки дар съезди охирин намоянда доштанд, пас аз ду моҳи эълон гардиданаш даъват мекунанд ва фақат агар на камтар аз ними ҳамаи аъзоёни партия намоянда дошта бошанд, ҳаққонӣ ҳисобида мешаванд (Устави КПСС §31). АгарКомитети Маркази партия съезди ғайринавбатӣ (фавқулода)-ро дар мӯҳлатҳои дар Устав петбинишуда даъват накунад, ташкилотҳое, ки даъвати онро талаб карда буданд; ҳуқуқ доранд комитети ташкилгаё таъсис диҳанд, ки ҳуқуқҳои Комитети Марказии партияро барои даъват вамудани съезд дошта бошад (ҳамон ҷо § 32).

Съезд ҳисаботи Комитети Маркази, Комиссияи марказии тафтишоти КПСС ва дигар ташкилотҳои марказиро мешунавад ва тасдиқ мекунад; Программа ва Устави партияро аз нав мебинад, тағйир медиҳад ва тасдиқ мекунад; роҳи партияро доир ба масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муайян монамояд, муҳимтарин масъалаҳои сохтмонии коммунистиро дида мебарояд ва ҳал мекунад; Комитети Маркази ва Комиссияи марказии тафтишотро интихоб мекунад (ҳамон ҷо, § 33).

Съездҳои партия дар асоси принсипи васеи демократӣ гузаронда мешаванд, интихоби вакилон бо овоздиҳии пӯшида (махфӣ) мегузаранд. Ҳар як коммунист ҳуқуқ дорад бевосита ба съезд муроҷиат кунад.

Қарарҳои съезд барои ҳамаи ташкилотҳои партиявӣ, аъзоён ва номзадҳо ба аъзоии партия ҳатмӣ мебошанд ва фақат съезди навбатии партия онҳоро бекор карда ё тағйир дода метавонад. КПСС дар таърихаш аз соли 1898 сар карда 27 съезд (27-умаш соли 1986) гузаронд, ки аз онҳо 6-тоаш то Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр баргузор гардида буд. Ҳар як съезд давраи муҳиме дар ҳаёти партия мебошад.

Адабиёт:          Устави Партияи КоммунистииИттифоқи Советӣ, Душанбе, 1986.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …