Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОМПЁЙ Секст

ПОМПЁЙ Секст

pompeius

ПОМПЁЙ Секст (Sextus Pompeius) (тақрибан 75—35 то мелод, Милет), сарлаш­кар ва ходими сиёсии Рим. Писари Гней Помпей. Баъди ҳалокати падараш бар зидди Сезар дар Африка (48 —46 то мелод) ва Испания (46—44 то мелод) ҷангид. Соли 44 то мелод пас аз вафоти Сезар фармондеҳи флот шуд. Си­тсилия ва дигар ҷазираҳоро забт, ғуломони гуреза ва бадарғагонро қабул намуда, Италияро аз тарафи баҳр муҳосира кард. Соли 43 ғайриқонунӣ триумвирати дуюм эълон кар­да шуд. Соли 36 то мелод дар назди Мила ва Навлох аз тарафи сарлашкари Октавиан Агриппа шикаст хӯрда ба Осиёи Хурд гурехт ва дар он ҷо ҳалок гардид.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …