Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕКСОПАТОЛОГИЯ

СЕКСОПАТОЛОГИЯ

СЕКСОПАТОЛОГИЯ, илми бемориҳои ҷинсӣ, як соҳаи тибро гӯянд, ки ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳои ба алоқаи ҷинсӣ ва ахлоқи ҷимоӣ вобастаро меомӯзад. Секспотология ба омӯзиши иллатҳои ҷинсӣ ва ҷимоии зерин машғул аст: бе- зурётӣ; сардии ҷинсӣ; инҳирофоти (фосиқиҳои) мухталифи ҷимоъ (ҳомосексуализм, яъне муҷомиати ҳамҷинсон — зан бо зан ё мард бо мард,педерастия, яъне лавотат, таҷовуз ба номус, ҷимои маснӯӣ ва ғайра); вагинизм (кашиш ва дард кардани маҳбал ҳангами ҷимоъ); диспаурения (ҳаловат набурдани зан ҳангоми ҷимоъ); нимфомания ё андромания (мардпарастӣ ё ниҳоят шаҳвонӣ будани зан); приализм (нуузи дардноку дарозмуддати нара); сатириаз ё гинекомания (занпарастӣ ё ниҳоят шаҳвонӣ будани мард). Доир ба мавзӯъ ва мақоми Секспатология дар системаи илмҳои тиб ҳанӯз ягон ақидаи ҳамабоб нест.

Дар СССР шабакаи ихтисосии сексопатологӣ (марказҳо, кабинетҳо) таъсис ёфтааст, ки он ҷо духтурон — сексопатологҳо кӯмаки махсуси тиббӣ мерасонанд.

М. Я. Расулов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …