Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕВУНС Гарегин Севневич

СЕВУНС Гарегин Севневич

СЕВУНС (тахаллаллус; фамилия Григорян) Гарегин Севневич; 03.0 2. 1911, деҳаи Хндзореск, ҳозира райони Гориси Республикаи Советӣ Сотсиалистии Арманистон—13. 01.1969, Ереван), нависандаи советии арман, Ходими Хизматнишондодаи Санъати Республикаи Советӣ Сотсиалистии  Арманистон. Аъзои КПСС аз соли 1932. Факултети филологияи Институти педагогии Бокуро хатм намудааст (1941). Асарҳояш аз соли 1928 нашр шудаанд. Муаллифи маҷмӯъи ҳикояҳои «Ба сӯи замин» (1935), романҳои «Дар халиҷ» (1938; дар бораи зиндагӣ ва муборизаҳои синфи коргар), «Асирон» (1958), «Ёддоштҳои Эрон» (1949), инчунин дигар повесту ҳикояҳо доир ба қаҳрамониҳои халқи советӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945). Дар асоси повести «Хиёбони озодӣ» (1947) Севунс романи «Теҳрон»-ро (китобҳои 1—2, 1951; тарҷумаи тоҷикӣ 1959) ба миён овард, ки дар он аз ҳаёти мардуми Эрон ва муборизаҳои миллии озодихоҳӣ ва иҷтимоии онон сухан меравад. Тасвири васеъ ва доманадори лавҳаҳои гуногуни ҳаёт, драматизми сюжет ва психологизм хусусиятҳои умдаи ин асар мебошанд. Бо 2 орден ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …