Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕВЕРЦОВ Николай Алексеевич

СЕВЕРЦОВ Николай Алексеевич

СЕВЕРЦОВ Николай Алексеевич (05. 11. 1827, Воронеж —0702. 1885, наздикии Воронеж), зоолог, зоогеограф ва сайёҳи рус. Университети Москваро хатм кардааст (1846) падари А. Н. Северцов. Солҳои 1857—1879 қисми марказии Тиёншон ва биёбони Кизилқумро тадқиқ намуд, оид ба фауна ва флораи Помир маълумоти бисёре гирд овард. Тавсифи аввалини географии табиати Осиёи Миёна ба ӯ тааллуқ дорад. Принсипҳои тақсимшавии зоогеографии Палеарктика ва асосҳои экологияи онро кор карда баромад. Северцов тарафдор ва тарғиботчии дарвинизм буд. Оид ба паҳншавӣ, систематика ва тарзи ҳаёти паррандаҳои Россия ва Туркистон маълумоти бисёре ҷамъ намуд. Северсов яке аз асосгузорони экология ва таълимоти эволютсионӣ дар Роосия буд. Қуллае дар қаторкӯҳи Пётри I, пирях дар Помиру Алатови Паси Илӣ, инчунин баъзе растанию ҳайвонот ба номи Сверсов гузошта шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …