Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕВАСТЯНОВ Виталий Иванович

СЕВАСТЯНОВ Виталий Иванович

СЕВАСТЯНОВ  Виталий Иванович (таваллудаш 08.0 7. 1935, шаҳри Красноуралск, вилояти Свердлов), лётчик-кайҳоннаварди СССР, ду карат Каҳрамони Иттифоқи Советӣ (1970, 1975). Аъзои КПСС аз соли 1963. Соли 1959 Институти авиатсионии ба номи Севастянов Орҷоникидзеро хатм карда, дар Бюрои конструкторӣ ба кор сар кард. Дар отряди кайҳоннавардон аз соли 1967. Ба кайҳон бори якум 1 июли 1970 ба сифати бортинженери киштии кайҳонии «Союз-9» якҷоя бо А. Г. Николаев парвоз кард. 19 июни 1970 баъди иҷрои программаи парвоз экипажи киштӣ ба Замин баргашт. 24 маи 1975 ба сифати бортинженери киштии кайҳонии «Союз-18» (ҳамроҳи П. И. Климук) маротибаи дуюм ба кайҳон парвоз намуд. 26 мая 1975 киштии «Союз-18» бо стансияи илмии мадории «Салют-4» васл карда шуд. Ин парвоз 63 шаборӯз давом кард. Севастянов дар давоми парвоз программаи илмию техникӣ ва тиббию биологиро иҷро намуд, инчунин методикаи тадқиқи амалии захираҳои зеризаминиро кор кард. Баъди иҷрои бомуваффақияти программаи парвоз Севастянов 26 июли 1975 ба Замин баргашт. Севастянов аъзои ҳақиқии Академияи байналхалқии астронавтҳо мебошад. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1978). Бо 2 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …