Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри СЕВАСТОПОЛ

Шаҳри СЕВАСТОПОЛ

  СЕВАСТОПОЛ, шаҳри қаҳрамон ва бандари калони баҳрӣ дар вилояти Қрими Республикаи Советӣ Сотсиалистии Украина. Дар қисми ҷануби ғарбии нимҷазираи Қрим, дар соҳили халиҷи Севастопол воқеъ аст. Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 335 ҳазор нафар (1984). Севастопол яке аз марказҳои калони саноатни вилояти Қрим мебошад. Соҳаҳои саноаташ; киштисозӣ, асбобсозӣ, хӯрокворӣ, чӯбгарӣ ва Государственная Районная Электро Стансия дорад. Киштиҳои Флоти моҳигирии Севастопол моҳиро аз уқёнусҳои Атлантик ва Ҳинд шикор мекунанд. Дар Севостопол институтҳои гидрофизика ва биологияи баҳрҳои ҷанубин Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон, институти асбобсозӣ, техникумҳои киштисозӣ, бинокорӣ ва савдои советӣ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ, обсерваторияи баҳрӣ, 2 театри драма, аквариум, музейҳо (Хонамузеи пинҳонкорон; Флоти ордени Байрақи Сурхдори Баҳри Сиёҳ, Таържиу археологии Херсонес ва Музеи рассомӣ) мавҷуданд. Музеи мудофиаи қаҳрамонона ва озодкунии Севастопол аз намоишгоҳи «Мудофиаи Севастопол, солҳои 1854—1855», диорамаи «Штурми Сапунгора, 7 маи 1944» ва аз иншооти мемориалии Малахов курган (маҳалли набардҳои шадиди солҳои 1854—1855 ва 1941—1942) иборат аст.

Дар замонҳои қадим дар ҷои ҳозираи Севостопол шаҳри атиқии Херсонес воқеъ гашта буд. Аввалҳо Ахтиар ном дошт. Баъди ба Россия ҳамроҳ кардани Қрим (1783) корҳои сохтмон дар шаҳр ва бандар авҷ гирифт ва соли 1784 ба шаҳр Севостопол ном дода шуд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 —1945) мудофиа Севостопол 250 рӯз (1941—1942) давом кард, ки ба ин муносибат Президиуми Совети Олии СССР 22 декабри 1942 медали «Барои мудофиаи Севастопол»-ро таъсис намуд. Аз 4 июли 1942 то 9 маи 1944 Севостополро қӯшунҳои фашистии немис истило карда буданд. Севостопол бо ордени Байрақи Сурх (1954), ордени Ленин ва медали «Ситораи Тилло» (1965), инчунин ордени Револютсияи Октябр (1983) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …