Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕРПОКРЫЛОВ Павел Яковлевич

СЕРПОКРЫЛОВ Павел Яковлевич

СЕРПОКРЫЛОВ Павел Яковлевич (тав. 29. 11. 1918, райони Елан, вилояти Волгоград), коркуни давлатии советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1949). Аъзои КПСС аз соли 1943. Соли  1970 Институти хоҷагии қишлоқи  Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1930—1934 колхозчии колхози «Спартак», 1934—1939 коргар ва  тарозудори анбори ғаллаи Комбинати ордкашии №13-и райони Елан, 1939—1940 мудири анбори заводи ордкашии райони Орҷоникидзеобод (Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон), 1940—1941 хонандаи курси дусолаи ҳуқуқшиносӣ, 1941—1945 судяи халқӣ, 1945—1949 ҷонишин ва баъд раиси Комитети иҷроияи ҳозира Шаҳртуз, 1949—1950 хонандаи Мактаби партиявии шаҳри Душанбе, 1950—1962 ҷонишини раиси Комитети иҷроияи район, 1962—1966 сардори шӯъбаи плану молияи Управленияи минтақавии хоҷагии қишлоқи район, 1966—1974  сардори сохтмони байниколхозӣ, 1974—1979  сардори Управленияи хоҷагии қишлоқ ва ҷонишини раиси Комитети иҷроияи райони Ҳисор. Аз октябри 1979 нафақахӯри шахсӣ. Дар инкишофи истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқи район саҳми калон гузоштааст. Бо ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикиситон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …