Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕРОЛОГИЯ

СЕРОЛОГИЯ

СЕРОЛОГИЯ (аз лотинӣ serum—зардоб ва …логия), зардобшиносӣ, як фасли иммунологияро гӯянд, ки таъсири мутақобили подзо (микроб, вирус, сафедаи бегона) ва подтани зардоби хунро меомӯзад. Реаксияҳои серологӣ бевосита ё дукомпонента (агглютинатсия, гемагглютинатсияи нофаъол, пресипптатсия ва ғайра) ва бавосита ё сакомпонента (реаксияи безараргардонӣ, масалан, безараргардонии микроб, реаксияи боздории гемагглюинатсия ва ғайра) мешаванд.

Реаксияҳои серологиро дар иммунологияи сироятӣ ва ғайрисироятӣ бо мақсади тадқиқот ва ташхисот (масалан, ҳангоми хунгузаронӣ барои муайян намудани гурӯҳи хун ва ғайра), эпидемиология ва эпизоотология барои ошкор кардани манбаи сироят, роҳҳои гузаштани он, иммунитети одамону ҳайвонот ва ғайра истифода мекунанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …