Маълумоти охирин

СЕРЕНАДА

СЕРЕНАДА (франсавӣ Serenade, аз италиявӣ Serenata аз sera— шом), 1) сурудҳои ишқӣ дар васфи маъшуқа. Дар заминаи «сирена», «сурудҳои шомӣ»-и трубадурҳои провансалӣ пайдо шудааст. Одатан бо ҳамовозии мандолина, лютня ва гитара иҷро мегардид. Бо мурури замон Серенада ба опера роҳ ёфт («Дон Жуан»-и П. Моцарт, «Сартароши севилӣ»-и Ҷ. Россини) ва чун жанри мусиқии камеравии вокалӣ (намунаҳояш дар асарҳои Ф. Шуберт, Р. Шуман, И. Брамс, М. И. Глинка, П. И. Чайковский) маъмул шуд. 2) Асарҳои бисёрқисмаи мусиқии инструменталиеро, ки бо кассасия, дивертисмент ва поктюрн айният доранд, Серенада меноманд. 3) Песа барои яккахон ва ансамбли инструменталӣ, ки хусусиятҳои Серенадаи вокалиро дорад. 4) Асарест барои созҳои гуногун (бештар оркестр), ки ба опера ва кантатаи таптанавӣ қаробат дорад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …