Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / СЬЕРРА-ЛЕОНЕ

СЬЕРРА-ЛЕОНЕ

sera-leone

СЬЕРРА-ЛЕОНЕ Республикаи Сьерра-Леоне (RepyblicofSierraLеоnе), давлатест дар Африкаи Ғарбӣ (дар соҳили уқёнуси Атлантик). Ба Иттиҳоди Британия дохил аст. Масоҳаташ 72,3 ҳазор мм2. Аҳолиаш 3,8 млн нафар, (1984); халқҳои темне, менде, инмба, фулбе ва ғайра. Забони расмӣ — англисӣ. Зиёда аз 50% диндорон мусулмонҳо, 20% насрониён буда, боқимонда ба динҳои маҳаллӣ эътиқод доранд. Пойтахт ва бандари асосиаш шаҳри Фритаун. Сардори давлат — Президент. Органи қонунбарор — Палатаи намояндаҳо. Қисми зиеди мамлакат дар баландии Леоно-Либерия воқеъ гашта, дар шимол шохаҳои кӯҳи Футааллон, дар ғарб ва ҷануб пастиҳоро дар бар метирад. Иқлимаш экваторист. Ҳарорати миёнаи моҳона 24—270С, Боришоти солона 2000—2500 мм. Асосан растаниҳои саваннагӣ мерӯянд. Дар миёнаи асри 15 дар байни халқҳои Сьерра-Леоне муносибатҳои феодалӣ ташаккул ёфт. Соли 1808 қисми наздисоҳилии Сьерра-Леоне мустамликаи Англия шуд; соли 1896 ноҳияҳои дохилӣ протекторати Англия гардид. Аз 27 апрели 1961 давлати мустақил. Бо СССР муносибати дипломатӣ дорад (аз 1962). Партияи ҳукмрон — Конгресси умумихалқӣ (таъсисаш 1960). Сьерра-Леоне мамлакати аграрист. Саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ низ ривоҷ ёфтааст. Барои экспорт ҷавзи ҳиндӣ, қаҳва, какав мепарварад. Рутил, алмос (0,8 мли қирот, 1979), бонсит (0,7 млн тон) истихроҷ мекунад. Корхонаҳои коркарди нефт, хӯрокворию адвиёт, чӯбкорӣ дорад. Тӯли роҳҳои автомобилгард — қариб 10 ҳазор км. Ба хориҷа алмос, оксит ва ашёи хоми хоҷагии қишлоқ мебарорад. Шарики асосии тиҷоратиаш Брятанияи Кабир. Воҳиди пул — леоне.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …