Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАШКИЛОТИ МУОҲИДАИ МАРКАЗӢ

ТАШКИЛОТИ МУОҲИДАИ МАРКАЗӢ

ТАШКИЛОТИ МУОҲИДАИ МАРКАЗӢ, иттиҳоди ҳарбию сиёсӣ дар Шарқи Наздик ва Миёна, ки бо ташаббуси Британияӣ Кабир ва ШМА таъсис ёфтааст. Аъзоёни он: Британияи Кабир, Эрон, Покистон ва Туркия, ШМА расман аъзои СЕНТО набошад ҳам, вале ба комитетҳои асосии он (аз 1956— 57) дохил шуд.

sento

Фаъолияти СЕНТ0 24 феврали 1955, баъди дар Бағдод баста шудани аҳдномаи байни Ироқ (соли 1958 аз СЕНТО баромад) ва Туркия сар шуд, ки ба он 4 апрел Брйтанияи Кабир, 23 сентябр Покистон, 3 ноябр Эрон ҳамроҳ шуданд. Соли 1959 ШМА бо Эрон, Покистон ва Туркия оид ба ҳамкории зидди таҷовузи коммунистиӣ бевосита ё бавосита шартномаи дутарафа бастанд. Ин шартномаҳо дар фаъолияти СЕНТО, ки бар зидди қувваҳои прогрессивӣ ва ҳаракати миллии озодихоҳӣ равона шуда буданд, роли намоён бозиданд. Августи 1979 фаъолияти СЕНТО расман қатъгардид.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …