Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕМЁНОВ-ТЯН-ШАНСКИЙ Пётр Петрович

СЕМЁНОВ-ТЯН-ШАНСКИЙ Пётр Петрович

СЕМЁНОВТЯНШАНСКИЙ (то 1906—Семёнов) Пётр Петрович (14. 01. 1827, наздикии деҳаи Урусово, ҳоло райони Чаплигини вилояти Липеск — 11. 03. 1914, Петербург), географи рус, статистик, ходими ҷамъиятӣ, аъзои фахрии Академияи Фанҳои Петербург (1873). Ноиб-раиси Ҷамъияти географии рус (1873—1914). Аъзои Совети давлатӣ (1897).

Соли 1848 шӯъбаи табиатшиносии Университети Петербургро хатм карда, аз соли 1849 дар Ҳамвории Европаи Шарқӣ (Ҳамвории рус) ба корҳои экспедитсионӣ шурӯъ намуд ва фаъолияти ӯ дар Ҷамъияти географӣ аз ҳамон сол оғоз ёфт. Солҳои 1856—1857 Тиёншонро омӯхта, схемаи нахустини орографӣ ва минтақаи баланди онро тартиб дод, қабати ғафси яхбандиҳоро кашф намуд (тадқиқи илмии кӯҳҳои Тиёншон баъди 50 сол эътироф гардида, боиси ба номи ӯ илова карда шудани «Тян-Шанский» гардид). Семёнов-Тян-Шанский ташкилотчии Съезди 1-уми статистикаи Россия, ташаббускори тадқиқотҳои калони статистикӣ ва аввалин дар мамлакат барӯйхатгирии умумии аҳолӣ (1897), мураттиби схемаи ноҳияҳои иқтисодии Қисми европоии Россия мебошад. Баъзе маҳалҳои географӣ дар Осиёи Миёна ва Марказӣ, Кавказ, Аляска, Шписберген ва қариб 100 намуди нави набототу ҳайвонот ба номи ӯ гузошта шудаанд. Ҷамъияти географии СССР медали тиллои ба номи Семёнов –Тян -Шанскийро таъсис кардааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …