Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕМЁНОВ Александр Александрович

СЕМЁНОВ Александр Александрович

СЕМЁНОВ Александр Александрович (12. 10. 1873, губернияи Тамбов —16. 11. 1958, Душанбе), муаррихи советӣ, академики Академияи Фанҳои  Республикаи Советӣ Сотсиалисти Тоҷикистон (1951), аъзо-корреспонденти Академияи Фанҳои Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон (1943),  Ходими Хизматнишондодаи Илми Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон (1946) ва Республикаи Советӣ Сотсиалистии  Ӯзбекистон (1944) , аъзои ҳақиқии Ҷамъияти илмии Бомбай. Аз оилаи деҳқон. Институтҳои муаллимтайёркунии Тамбов (1895) ва забонҳои Шарқи ба номи Лазареви шаҳри Москваро (1900) хатм кардааст. Соли 1901 ёрдамчии коргузори идораи вилоятии Закаспий, сипас мудири шӯъбаи статистикӣ, 1906 коргузори идораи Генерал – губернатории Туркистон, 1917 мушовири намояндаи Россия дар Бухоро. Баъди Револютсияи  Октябр дар корҳои ташкилӣ ва пешрафти фаъолияти илмии Академияи Фанҳои СССР, Университети Тошкент, музейҳои Москва, Ленинград, Осиёи Миёна, Институти шарқшиносӣ, таърих ва санъати Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон, Академияи Фанҳои Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон ва ғайра иштирок дошт. Аз соли 1951 то охири умраш директори Институти таърихи Академияи Фанҳои Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон. Ӯ инчунин аъзои ҳақиқии як қатор ҷамъиятҳои илмӣ буд. Семёнов доир ба масъалаҳои археология, этнография, санъат, таърих, ислом, хусусан тасаввуф, исмоилия асарҳои илмӣ навиштааст. Хиёмати Семёнов дар омузишу тарҷума ва нашри дастнависҳо, ҷамъоварии маълумотҳо роҷеъ ба таърих ва маданияти халқҳои Осиёи Миёна, пеш аз ҳама тоҷикон, бузург аст. Семёнов инчунин дар тадқиқи ҳаёт ва фаъолияти мутафаккирони асрҳои миёна, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯали ибни Сино, Носири Хисрав ва дигар ҳиссаи сазовор гузоштааст. Асарҳои асосии ӯ «Материалҳо барои омӯзиши шеваи тоҷикони кӯҳистони Осиёи Миёна» (1900), «Очеркҳои атнографии Кӯҳистони Зарафшон, Қаротегин ва Дарвоз» (1903), «Очерк дар бораи сохти заминдорӣ ва хироҷситонии собиқ аморати Бухоро» (1929), «Аввалин Шайбониён ва мубориза барои Мовароуннаҳр» (1953) ва ғайра мебошанд. Семёнов муаллифи зиёда аз 300 асари илмист. Бо 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ», бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ва Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон мукофотонида шудааст.

Адабиётҳо: Литвинский Б. А. и Акрамов Н. М., Александр Александрович Семёнов, Москва, 1971.

Н. Акрамов.

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …