Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕМИОТИКА

СЕМИОТИКА

СЕМИОТИКА, семиология, симптоматология, аломатшиносӣ, нишонашиносӣ, дар тиб, таълимотест оид ба нишонаҳои беморӣ. Семиотика ду хел мешавад: куллӣ ва ҷузъӣ. Семиотикаи куллӣ он нишонаҳоеро меомӯзад, ки ба хислатҳои умумии бемор (ҷинс, синну сол, миллат, касб, ирсият, бемориҳои аз сар гузаронида, сохти бадан ва ғайра) ва ҳолати ӯ (тағйири шуур, вазъияти бадан, ваҷоҳат ва ғайра) дахл дорад. Тағйири сохту вазифаи ӯзвҳо ва озмоишҳои лабораторӣ масалан, аҳамияти ташхисӣ доштани калоншавии ҷигар, хусусияти пешобу фазла (дар вақти бемории зардпарвин ва ғайра) низ мавзӯи тадқиқи Семиотикаии куллӣ мебошад. Семиотикаи ҷузъӣ аломати бемориҳои алоҳида, ташхис, сабаб ва механизмҳои ба вуҷуд омадани онҳоро меомӯзад. Семиотика яке аз ҷузъҳои муҳимтарини ташхис аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …