Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕМАНТИКА

СЕМАНТИКА

СЕМАНТИКА (франсавӣ semantique  аз юнонӣ semanticos — ифодакунанда, sema—аломат),дар забоншиносӣ 1) яке аз ҷиҳатҳои омӯзиши аломатҳо дар семинтика. 2) дар таърихи забоншиносӣ бо семисология як аст. 3) Маънои воҳидҳои забон. 4) Як қисми илми забоншиносӣ, ки маънои воҳидҳои забон пеш аз ҳама, калимаро меомӯзад. Калимаҳо дар забон ба гурӯҳҳои сермаъно (полисемантикӣ) ва якмаъно (моносемантикӣ) ҷудо мешаванд. Ба гурӯҳи калимаҳои якмаъно истилоҳоти илмҳои гуногун (масалан, забоншиносӣ — фонетика, морфология, грамматика, исм, сифат ва ғайра) дахл доранд. Омонимия, синонимия ва ба маънои маҷозӣ омадани калимаҳо асоси системаи Семантика мебошанд. Масалан, дар забони тоҷикӣ калимаи гул аз ҷиҳати Семантика хусусиятҳои гуногун дорад: гул — ғунчаи вошуда, гул — бе-нуқсон, гул — як навъ гиёҳ, гул — холи сафед (гули чашм), гул — номи касалӣ, гул — фатилаи шамъ, гул — рӯй, рухсор ва ғайра. Ин калима ба маъниҳои маҷозӣ низ меояд.

Семантика тағйироти маънои калимаро дар таърихи забон тадқиқ ва қонунҳои семантикиро муайян менамояд. Дар забон калимаҳои оддии маъмул ва истилоҳоти илмӣ вуҷуд доранд (пул, мол ва ғайра ҳамчун калимаҳои оддӣ ва ҳамчун истилоҳи иқтисоди сиёсӣ). Яке аз қонуниятҳои умумии семантикӣ наздикшавии калимаҳои маъмулӣ бо мафҳуми илмии онҳост. Як гурӯҳи калимаҳо, аз қабили «револютсия», «демократия», «илм», «техника», «шахсият», «машина» ва ғайра низ ҳастанд, ки аз калимаҳои маъмулӣ ва мафҳумҳои илмӣ фарқ мекунанд. Мундариҷаи семантикии ин калимаҳо маънои калимаҳои маъмулӣ ва маънои ғояҳои ҳукмрони ҷамъиятро дар бар мегирад. Аз ҷиҳати омӯзиши ин гуна итиллоҳот ва дигар мафҳумҳо вазифаҳои  Семантика бо вазифасҳои таърихи маданият ва семиотика махлутанд.

Семантика ҳамчун соҳаи илми таърих, илм дар бораи қонунҳои семантикӣ охири асри 19 дар Россия (М. М. Покровский) ва Франсия (М. Бреаль — филолог ва забоншиноси франсавӣ) ба миён омад. Вобаста ба омӯзиши ҷиҳатҳои гуногуни Семантикаи забон дар забоншиносии советӣ ва хориҷӣ равияҳои гуногуни илмӣ вуҷуд доранд.

М. Муҳаммадиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …