Маълумоти охирин
Главная / Техника / СЕМАФОР

СЕМАФОР

СЕМАФОР (аз юнонӣ sema — аломат, сигнал ва phoros — ҳомил), 1) олати сигналдиҳандаи доимиест дар роҳи оҳан. Дар сутуни Семафор белчаҳои мутаҳаррике шинонда шудаанд, ки бо тағйир додани мавқеи онҳо ба машинисти поезд ин ё он сигнал дода мешавад. 2) Семафори баҳрӣ (дарёӣ) ба сутуни салибмонанди назди соҳил насб шуда, барои сигналдиҳӣ ба киштиҳо истифода мешавад. Сигналҳо ё алифбои семафорнеро, ки аз маҳалли» муайян бо аломатҳои шартӣ ва ё ба воситаи ҳаракати даст бо байрақчаҳо фиристода мешаванд, низ Семафор меноманд. Нигаред низ Светофор.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …