Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕЛЬВИНСКИЙ Илья Львович

СЕЛЬВИНСКИЙ Илья Львович

СЕЛЬВИНСКИЙ Илья (Карл) Львович (24. 10. 1899, Симферопол —22.03. 1968, Москва), нависандаи советии рус. Аъзои КПСС аз соли 1941. Факултети ҷамъиятшиносии Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1923). Асарҳояш аз соли 1915 чоп шудаанд. Асарҳои давраи аввали эҷодиёташ ба Ҷанги гражданӣ (фоҷиаи «Командарми 2», 1928) оиданд. Охири солҳои 30 ба жанри фоҷиаи таърихӣ рӯ овард («Ҷавонмард Иоан», 1937; «Бобак», 1941). Дар ин асарҳо аз рӯйдодҳои муҳимтарини  таърихӣ ва инқилобии Россия сухан меравад. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватани (1941—1945) Селвинский баробари шеърҳои дар мавзӯи Ватан ва ватандӯстӣ эҷод кардааст ба таълифи трилогияи «Россия» шурӯъ кард. Селвинский (муаллифи асри адабиётшиносии «Студияи шеър» (1962), китоби тарҷумаи ҳоли «Ҷавонии ман» (1966) ва ғайра мебошад. Асарҳояш ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд. Селвинский яке аз тарҷумонҳои бомаҳорати советӣ ба шумор меравад. Ӯ асарҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Саъди, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, «Марши  ҳуррият»-и С. Айнӣ ва ғайраро ба русӣ гардондааст. Бо 5 орден ва чанд медал мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …