Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕЛЕВКИЁН

СЕЛЕВКИЁН

СЕЛЕВКИЁН, сулолаест, ки солҳои 312—64 то милод баъди шикасти империяи Искандари Мақдунӣ дар Осиёи Ғарбӣ ҳукмронӣ кардааст. Ҳокимони иперияи Селевкиён: Селевки I Никатор (312—280), Антиохи I Сотер (280—261), Антиохи II Теос (261— 246), Селевки II Каллиник (246—226), Селсвки III Сотер (226—223), Антиохи III Кабир (223—187), Селевки IV Филопатор (187—175), Антиохи IV Эпифан (175—163), Антиохи V Эвпатор (163—162), Деметрин I Сотер (162 —150), Александр Балас (150—145), Деметрии II Никатор (145—138), Антиохи VI  Эпифан (145—141), Антиохи VII Сидет (139—429), Деметрии II Никатор (бори дуюм 129—125), Селевки V (125), Антиохи VIII Грип (125—96), Антиохи IX Кизики (115— 95, дар як қисми территория). Баъд аз Антиохи VIII ва IX ба тахт боз якчанд ҳокимон нишастанд. Дар давраи солҳои 83—69 то милод ҳукмронии Селевкиёе дар натиҷаи истилои шоҳи Арманистон қатъ гардид.

И. В. Пъянков.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …