Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕЛЕВКИЯ

СЕЛЕВКИЯ

СЕЛЕВКИЯ, номи як қатор шаҳрҳои эллинии замони қадим, ки Селевки I Никатор бунёд кардааст. Калонтарини онҳо Селевкияи соҳили Даҷла ва Селевкияи Пиерия буданд. Селевкияи соҳили Даҷла соли 312 то милод ҳамчун пойтахти давлати Селевкиён бунёд гардида, маркази тиҷорат ва ҳунармандии Осиёи Пеш ба шумор мерафт. Дар асри 1 милодӣ он қариб 600 ҳазор нафар аҳолӣ дошт. Аз миёнаи асри 2 ба ҳайати подшоҳии Порт дохил шуд. Селевкияи соҳили Даҷларо лашкаркаши Рим Авидий Кассий соли 164 ё 165 ба хароба табдил дод. Селевкияи Пиерия соли 300 то милод бино ёфтааст. Солҳои 245—219 то милод дар ҳайати давлати Птолемейҳо буд. Лангаргоҳи Антиохия ба ҳисоб мерафт. Аз асри 1 тобеи Рим гардид; истгоҳи асосии флоти Рим буд. Асрҳои 5—6 рӯ ба таназзул ниҳод. Дар натиҷаи заминҷунбӣ (526), истилои эрониён (асри 6) ва арабҳо (асри 7) хароб шуд.

И. В. Пъянков.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …