Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕЛЕВК

СЕЛЕВК

Селевки I Никатор
Селевки I Никатор

СЕЛЕВК, номи якчанд шоҳони сулолаи Селевкиён. Асосгузори сулола Селевки I Никатор (яъне «Ғолиб»). У аз ашрофони мақдунӣ буда, ҳанӯз дар давраи юриши Искандари Мақдунӣ ба Шарқ ном бароварда буд. Баъди вафоти Искандар, ҳангоми тақсимоти сатрапияҳо дар байни лашкаркашон соли  321 то милод. Селевки I ҳокими Бобулистон шуд. Мод, Бохтар, Шушро ба тасарруфи худ дароварда, соли 305 то милод худро шоҳ эълон намуд. Баъд ба Ҳиндустон зада даромад ва бо Чандрагупта (шоҳи Ҳиндустон) иттифоқ баста, як қисми заминҳои худро ба ӯ дода, ба ивазаш филҳои ҷангӣ гирифт ва ба Ғарб шитофт. Ӯ баъди ҷанги назди Ипс соли 301 то милод. Байнаннаҳрайн ва Сурияро гирифт. Бо мақсади соҳиби тоҷу тахти Мақдуния шудан вай ба Ғарб юриш ташкил кард, вале соли 281 то милод дар қароргоҳи худ кушта шуд. Селевкӣ I ҳамчун бинокори шаҳрҳо низ машҳур буда, қариб 70 шаҳр бунёд кардааст. Ба духтари Спитамен хонадор шуда буд.

И. В Пъянков.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …