Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕЛЕН

СЕЛЕН

СЕЛЕН (selenium), Sе, элементи химиявӣ аз гӯрӯҳи VI системаи даврии Менделеев; рақами атомиаш 34, массаи атомиаш  78,96. Селени табиӣ шаш изотопи собит дорад: 74Sе, 76Sе,  77Sе,  78Sе,  80Sе, 82Sе. Селенро соли 1817  Я. Берцелиус кашф кардааст. Селен 5.10-6%-и массаи қишри Заминро ташкил медиҳад. Конфигуратсияи қабати берунии электронии Селен 4s2  4p4  аст. Селен якчанд шакли аллотропӣ дорад: аморфӣ (хока, коллоидӣ, шишамонанд) ва кристаллӣ . Дар байни онҳо Селекси гексагоналӣ (рангаш хокистарӣ) аз ҷиҳати термодинамикӣ устувор аст. Онро бо оҳи то гудохташавӣ гарм карда, тадриҷан то 180—210 0С хунук намудан аз дигар шаклҳои аллотропии Селен ҳосил мекунанд. Зичии Селени гексагоналӣ 4807 кг/м3 (200 С),  t гудозиш 217 0С, t ҷӯшиш 685 0С. Селен дар ҳаво устувор аст; оксиген, об, кислотаҳои сулфати сероб ва хлорид ба он таъсир намекунанд; дар кислотаи нитрати консентронида ва шаҳшароб ҳал мешавад. Селен бо оксиген, оксидҳои SеО, S2 О5, Sе 02, Sе О3, бо галлогенҳо бо фосфор пайвастҳои Р23, P3 ҳосил мекунад. Як қатор пайвастҳои комплексии Селен  низ ҳосил карда шудаанд. Ҳамаи пайвастҳои Селен заҳрноканд. Селенро аз боқимондаҳои истеҳсолоти селлюлозаю коғаз, шламҳои анодии истеҳсолоти мис (маҳсулоти хокамонанде, ки таркибаш одатан металлҳои асил дорад) мегиранд. Дар шламҳо вай якҷоя бо сулфур, теллур, металлҳои вазнин ва асил вуҷуд дорад. Аз Селен асбобҳои фотоэлектрь, оптикӣ ва ғайра месозанд. Онро дар телевизорҳо, терморезисторҳо, инчунин барои беранг кардани шишаҳои сабз ва ғайра низ истифода мебаранд. Селен дар бофтаҳои аксари мавҷудоти зннда (аз 0,01 то 1 мг/кг) ҳаст. Баъзе микроорганизмҳо, замбуруғҳо, организмҳои баҳрӣ, растаниҳо (то 1000 мг/кг) Селенро захира мекунанд. Аз 2 мг/кг зиёд шудани миқдори он организмро заҳродуд мекунад; норасоии он бемориҳои дигарро ба вуҷуд меорад, барои пешгирии ин бемориҳо селенити натрийро истеъмол мекунанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …