Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи СЕЛДАРА

Дарёи СЕЛДАРА

СЕЛДАРА, дарёест дар шимоли ғарби Помир, дар райони Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Тӯлаш 19 киллометр. Масоҳати ҳавзааш 3290 км3. Селдара аз пиряхи Федченко (дар баландии 2900 м) ибтидо ёфта, аз водии васеи кӯҳӣ мегузарад ва бо дарёи Савуқсой як шуда, дарёи Муғсу (шохоби чапи Сурхоб)-ро ташкил медиҳад. Манбааш пиряху барф. Давраи пуробиаш май — сентябр. Сарфи зиёдтарини об 680 м3 /сония. Шохобҳояш: Каиндӣ, Баландкиик (аз рост).

Ю. С. Усқов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …