Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕКУНҶАи ростхатта

СЕКУНҶАи ростхатта

СЕКУНҶАи ростхатта, як қисми ҳамворист, ки бо се порчаи хати рост (ҷуфт-ҷуфт ҳамдигарро дар як нуқта буранда) маҳдуд шудааст. Порчаҳоро тарафҳои Секунҷа нуқтаҳои муштаракро қуллаҳои Секунҷа меноманд. Секунҷаи тарафҳояшон баробарро секунҷаи баробартараф ё секунҷаи мунтазам. Секунҷаи ду тарафаш баҳам баробарро секунҷаи баробарпаҳлу меноманд. Секунҷаи ҳамаи, кунҷҳояш тезро Секунҷаи тезкунҷа, як кунҷаш ростро Секунҷаи росткунҷа, як кунҷаш кундро Секунҷаи кундкунҷа  меноманд. Масоҳати Секунҷа ба ah / 2(a — яке аз тарафҳои Секунҷа, ки чун асос қабул шуда- аст, h — баландии Секунҷа,) баробар мебошад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …