Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕЙТВЕЛИЕВ Сейтнафе

СЕЙТВЕЛИЕВ Сейтнафе

СЕЙТВЕЛИЕВ Сейтнафе (таваллудаш 1919, деҳаи Тав-Қипчоқи собиқ райони Зуев, вилояти Симферопол), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1944), сержанти калон, аз оилаи деҳқон. Факултети коргариро дар шаҳри Симферопол хатм кардааст. Сейтвелиев 1939 ба сафи Армияи Советӣ даъват шуд. Аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар фронт буд. Сейтвелиев дар муҳорибаи назди Севастопол иштирок намуда, дар фронтҳои Сталинград, Брянск ва Белоруссия ҷангидааст. Дар муҳорибаҳо барои рахна кардани хатти мудофиаи душман ва таъқиби он аз 25 июн то 14 июли 1944 расчёти тӯпи 45-миллиметраи батареяи қиркунандаи танкзани собиқ полки 350-уми тирандозии собиқ дивизияи 96-уми Гомел низ иштирок кардааст, ки ба он Сейтвелиев командирӣ менамуд. Дар ҷангҳои таъқиби душман Сейтвелиев ба қушуни пиёда роҳ кушода, 7 пулемёт, 2 тӯп, 3 автомашина, 1 миномёт ва қариб як рота қӯшуни пиёдаи душманро нобуд кард. Сейтвелиев ба Тоҷикистон омада, солҳои зиёдест, ки дар мактабҳои шаҳри Ленинобод муаллимӣ мекунад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …