Маълумоти охирин

СЕҲРИ ҲАЛОЛ

СЕҲРИ ҲАЛОЛ (арабӣ сеҳр—афсун, изҳори чизи аҷоибу ғароиб; ҳалол—савоб, раво), санъати бадеии маънавист, ки мувофиқи он калима ва ë ибораи дар байт овардашуда ҳам бо маънии таркиби пешин ва ҳам бо маънии таркиби пасин алоқаманд аст. Масалан:

Ҳаст дар ман оташе равшан намедонам, ки чист?

Ин қадар донам, ки ҳамчун шамъ мекоҳам дигар.

(Кошифӣ).

Калимаи «равшан» дар ин ҷо Сеҳри ҳалол мебошад, зеро аз маънии байт ҳам «оташе равшан» ва ҳам «равшан намедонам» фаҳмида мешавад. Дар порчаи зерин «пой» Сеҳри ҳалол аст:

Ба ман бахш Гургини Мелодро,

Бурун кун аз дил кину бедодро,

Вагарна дар ин чаҳ, туро баста пой,

Ба Рахш андар орам, шавам ба ҷой.

( Фирдавсӣ).

Сеҳри ҳалол воситаи ифода буда, он имкон медиҳад, ки маънии зиёд дар сухани кам гуфта шавад.

Р. Мусулмонқулов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …