Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕГРЕ Эмилио

СЕГРЕ Эмилио

СЕГРЕ (Segre) Эмилио (таваллудаш 01. 02. 1905, Тиволи назди Рим), физик- экепериментатор. Университети Римро хатм намудааст (1928). Дар университетҳои Рим (1930—1936), Палермо (1936—1938), аз соли 1938 дар Университети Калифорния (аз соли 1946 профессор) ва солҳои 1943—1946 дар Лабораторияи миллии Лос-Аламоси Штатҳои Муттаҳидаи Амрико кор кардааст. Солҳои 1934—1936 бо гурӯҳи Э. Ферми реаксияҳои ядроиро тадқиқ кардааст. Ҳамроҳи дигарон аввалин элементи маснуии технекии (1937), астат (1940), плутоннӣ (1940—1941), антипротон (1955)- ро кашф кардааст. Аъзои академияҳои миллии Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва Италия, лауреати Мукофоти нобелӣ (1969, якҷоя бо О. Чемберлен).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …