Маълумоти охирин

СЕГОҲ

СЕГОҲ 1) шӯъбаест дар мақоми « Ҳиҷоэ» ва овозаи «Гавашт»-и «Дувоздаҳмақом». 2) Оҳанге, ки аз пардаи (лаҳни) сеюм ибтидо меёбад. 3) Номи мақоми панҷуми «Шашмақом». Сегоҳ аз қисми созӣ ва овозӣ иборат буда, қисми овозиаш ду шӯъба дорад. Қисми созии Сегоҳ  дорои 8 оҳанг («Таснифи Сегоҳ», «Тарҷеъи Сегоҳ», «Хафифи Сегоҳ», «Гардуни Сегоҳ», «Мухаммаси Сегоҳ», «Муаммаси Аҷам», «Мухаммаси Мирзоҳаким» ва «Оақили Бастанигор») аст, ки қар яке бо усулу алҳони махсус иҷро мешавад. Насри мақомҳо аз шӯъбаҳо ва қисмҳои он таркиб ёфтааст. Шӯъбаи якум мавзӯъҳои аслиро ба тартиби зер ҷамъбаст мекунад: «Сарахбори Сегоҳ» (бо 7 таронааш), «Талқини Сегоҳ» (бо 2 таронааш), «Насри Сегоҳ» (бидуни тарона), «Хоро» (бо 5 таронааш), «Аҷам» (бо 2 таронааш), «Супориши аввалини Сегоҳ», «Уфари Сегоҳ», «Супориши охирини «Сегоҳ»;   Шӯъбаи дуюм аз қисмҳои «Мурулчаи Сегоҳ», ва «Гиря» иборат аст. «Муғулчаи Сегоҳ» шохаҳои дигар аз қабили «Талқинчаи Муғулчаи Сегоҳ»,  «Нимчӯпонӣ» ва «Уфари Муғулчаи Сегоҳ» «дорад, ки дар онҳо унсурҳои оҳангии «Қашқарча» ва «Соқинома» (дар дигар мақомҳо худи «Қашқарча» ва «Соқинома») амал мекунад. Қисми дуюми ин шӯъба «Гиря» ном дорад, ки баъди он «Савти Гиря» ва «Уфари Гиря» меояд. Дар ин ҷо ҳам силсилаи сюитавӣ («Талқинча», «Қашқарча», «Соқинома») мавҷуд набуда, танҳо унсурҳояш мушоҳида мешаванд. Дар гузашта бастакорон ва ҳофизони номӣ асарҳои ба Сегоҳ монанд тасниф кардаанд, масалан: «Гиряи 1 ва 2», «Фиғон», «Гулузорам», «Нимчупонӣ», «Каримқулбегӣ», оҳанги «Мушкилоти Сегоҳ» ва ғайра, ки ҳоло ба репертуари ҳофизон ва ансамбли мақомхонони тоҷик дохил гардидаанд.

 

Адабиёт: (Колл.) «Шашмақом», ҷилди 5, Москва, 1967.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …