Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕГЕРС Пер

СЕГЕРС Пер

СЕГЕРС (Seghers) Пер (таваллудаш 05. 01. 1906, Париж), шоир ва ношири франсавӣ. Нахустин маҷмӯъи шеърҳояш — «Димоғаи умед» (1938). Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва баъд аз он Сегерс якчанд маҷмӯаи шеърҳои лирикӣ ва сурудҳояшро таълиф карда, чоп кунондааст. Барои маҷмӯъи «Сурудҳо» (ҷилдҳои 1—3, 1959—1964) ӯ сазовори Мукофоти ба номи Аполинер гардид. Фаъолияти ноширии Сегерс аз охири солҳои 30 оюз ёфтааст.

Сегерс дар тарғиби адабиёти форс-тоҷик, махсусан эҷодиёти Саъдӣ ва Ҳофиз дар Франсия ҳиссаи калон гузоштааст. Ӯ соли 1977 «Гулистон»-и Саъдӣ, 1978 ғазалиёти Ҳофизро ба франсавӣ гардонида бо муқаддима ва тавзеҳот ба чоп расонд.

Ш. Мухтаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …